Please update your Flash Player to view content.

Имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) барои бузургон ва ашрофи Басра нома навиштанд. Номаи имомро Сулаймон ба Басра расонд. Сулаймон сокини Мадина буд ва бо имом Ҳусейн (а) озими Макка шуд. Имом Ҳусейн дар авохири моҳи Рамазон ва ё Шавволи сол 60 ҳ.қ. ӯро ба унвони сафири худ ба Басра фиристод. Имом Ҳусейн (а) дар он нома ононро ба ёрӣ ва ҳамроҳии худ ва қиёмаш барои гирифтани ҳаққаш даъват кард:
أمّا بَعدُ، فَإِنَّ اللّه َاصطَفی مُحَمَّدا صلی الله علیه و آله عَلی خَلقِهِ وأکرَمَهُ بِنُبُوَّتِهِ وَاختارَهُ لِرِسالَتِهِ، ثُمَّ قَبَضَهُ اللّه إلَیهِ، وقَد نَصَحَ لِعِبادِهِ وبَلَّغَ ما اُرسِلَ بِهِ صلی الله علیه و آله، وکنّا أهلَهُ وأولِیاءَهُ وأوصِیاءَهُ ووَرَثَتَهُ وأحَقَّ النّاسِ بِمَقامِهِ فی النّاسِ، فَاستَأثَرَ عَلَینا قَومُنا بِذلِک فَرَضینا، وکرِهنَا الفُرقَهَ، وأحبَبنَا العافِیهَ، ونَحنُ نَعلَمُ أنّا أحَقُّ بِذلِک الحَقِّ المُستَحَقِّ عَلَینا مِمَّن تَوَلّاهُ، وقَد أحسَنوا وأصلَحوا وتَحَرَّوُا الحَقَّ فَرَحِمَهُمُ اللّه وغَفَرَ لَنا ولَهُم، وقَد بَعَثتُ رَسولی إلَیکم بِهذَا الکتابِ، وأنَا أدعوکم إلی کتابِ اللّه وسُنَّهِ نَبِیهِ صلی الله علیه و آله، فَإِنَّ السُّنَّهَ قد اُمیتَت، وإنَّ البِدعَهَ قَد اُحییت، وإن تَسمَعوا قَولی وتُطیعوا أمری أهدِکم سَبیلَ الرَّشادِ، وَالسَّلامُ عَلَیکم ورَحمَهُ اللّهِ
«Аммо баъд, ба ростӣ, ки Худованд Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро бар халқаш баргузид ва ӯро ба нубувват каромат бахшид ва барои рисолат интихоб кард. Сипас ӯро ба сӯи худ бурд. Ӯ барои бандагон, хайрхоҳӣ кард ва ончиро ба он маъмур буд, расонд.
Мо хонадони ӯ, наздикони ӯ, ҷонишинони ӯ ва ворисонаш будем ва сазовортарин мардум ба ҷонишинии ӯ дар миёни мардум ҳастем.
Дигарон ин мақомро барои худ гирифтанд ва мо ба он тан додем ва аз ихтилоф парҳез кардем ва оромишро дӯст доштем.
Мо медонем, ки дар ин мақом аз дигарӣ, ки онро ба даст гирифтанд, сазовортарем. [Гузаштагон] рафтори нек доштанд ва ба ислоҳ пардохтанд ва дар талаби ҳақиқат буданд. Худованд ононро биёмурзад ва мо ва ононро машмули ғуфрони худ созад!
Инак, фиристодаамро бо ин нома ба сӯи шумо мефиристам ва шуморо ба китоби Худо ва суннати Паёмбари Худо(с) даъват мекунам.
Ба ростӣ, ки суннат аз миён рафта ва миронда шудааст ва бидъатҳо зинда шудаанд.
Агар суханамро бишнавед ва аз фармонам пайравӣ кунед, шуморо ба роҳи дурусту рушд ҳидоят мекунам.
Салом ва раҳмати Худо бар шумо бод!»

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти