Please update your Flash Player to view content.

Бисмиллоҳирраҳонирраҳим
Аз Ҳусайн ибни Алӣ ба ҷамъияти мусулмон ва мӯъмин
Аммо баъд, Ҳонӣ ва Саид бо номаҳои шумо назди ман омаданд. Ва онон охирин фиристодагони шумо буданд, ки назди ман омаданд ва ман дарёфтам ончиро бозгӯ кардед ва ёдовар шудаед ва сухани аксари шумо, ки «мо имоме надорем пас ба сӯи мо биё то шояд Худованд ба василаи ту моро бар ҳақ ва ҳидоят гирд оварад».
Акнун ман бародарам ва писарамакам ва фарди мавриди эътимодам аз миёни хонадонамро ба сӯи шумо мефиристам.
Агар бароям бинависад, ки раъй ва назари аксари шумо ва хирадмандон ва бузургонатон бо ончи фиристодагони шумо хабар доданд ва дар номаҳоятон хондам мутобиқат дорад, ба зудӣ ба сӯи шумо хоҳам омад. Ин шоа Аллоҳ!
Ба ҷони худам савганд, ки имом касе нест ҷуз он кас, ки мутобиқи китоби Худо ҳукм биронад ва ба адл ва қист ба по хезад ва ба дини ҳақ пойбанд бошад ва худро ба ончи, ки Худованд гуфта ва дастур дода пойбанд намояд. Вассалом.
Шаҳидӣ, Қиёми имом Ҳусайн(а), саҳ.114.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти