Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 96 сураи Оли Имрон мефармояд:
إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِى بِبَكَّةَ مُبَارَكاً وَهُدىً لِّلْعَلَمِينَ‏
Дар ҳақиқат аввалин хонае, ки барои (ибодати) мардум ниҳода шуд, ҳамон аст, ки дар сарзамини Макка аст, ки моя‏и баракат ва ҳидояти ҷаҳониён аст.
Бидонем
«Бакка» ба маънои маҳалли издиҳом ва иҷтимои мардум аст.
Ҳазрати Алӣ (а) дар Наҳҷ‏улбалоға дар хутбаи 192 мефармояд: Худованд тамоми мардумро аз Одам (а) то охирин нафар бо ҳамин санг‏ҳои Каъба озмоиш ме‏кунад.
Имом Боқир (а) фармуд: Ҳазрати Одам, Нуҳ ва Сулаймон (а) низ дар гирди ҳамин Каъба, ҳаҷ анҷом додаанд. Тафсири Бурҳон, ҷ‏1, саҳ. 300
Биёмӯзем
1. Масъала ҷиддӣ ва муҳим аст.
2. Каъба аввалин хонае аст, ки барои ибодату ниёиши мардум бино ниҳода шудааст.
3. Каъба дар Макка аст.
4. Макка маҳалли ҷамъ шудани инсонҳо бо имону қасди бандагӣ ва тавофу намоз дар гирду назди хонаи Худо –Каъба- бояд мояи ҳидояти инсонҳо бошад. Ҳоҷиёни муҳтарам беш аз он ки ба фикри хариди мол ва гардиш дар бозорҳо бошанд бояд аз гузашта ва таърихи пур аз фарозу нишеби Каъба ва фидокорӣ ва таслими амри Худо будани бандагони баргузидаи Худо бошанд ва ҳидояти худро афзоиш диҳанд.
5. Гузаштаи таърихӣ маҳалҳои ибодати Худо арзишманд аст ва ҷои диққат дорад.
6. Хайру баракати Каъба танҳо барои мӯъминон ё нажоди хоссе нест, балки барои ҳамаи инсонҳо аст.
7. Мардумӣ будан барои Каъба як арзиш аст.
8. Каъба сабаби ҳидояти мардуми олам аст.
9. Каъба сангест, ки раҳ гум нашавад.
10. Ҷамъ шудани миллионҳо инсон бо дину мақсади муштарак дар маҳалли бобаракату пурфазилат фурсати беназире аст, ки мушкилоти уммати мусулмон ҳаллу фасл шавад ва аз вобастагӣ ба қудратҳои бедин ё ғайри исломӣ ва вобаста ба мустакбирон коста шавад, вале ба далели белаёқатии мизбонони ғосиби ин сарзамини муқаддас на танҳо аз ин фурсати худододӣ барои ваҳдати уммати исломӣ баҳра бурда намешавад, балки бо тарвиҷи афкори инҳирофии ваҳҳобият ва такфир ба эҷоди душманӣ ва ҷудоии мусулмонон ва хушнудии кофирон доман зада мешавад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти