Please update your Flash Player to view content.
Пас аз он ки ҳазрати Муҳаммад аз назди ҳазрати Хадиҷа берун рафт Майсара ғуломи ҳазрати Хадиҷа ва ҳамроҳи ҳазрати Муҳаммад дар сафари тиҷоратӣ даромад. Ӯ гузориши комил аз сафар дод. Майсара ҳаракати абр бо корвон, суханон ва пешбиниҳои Файлақи масеҳӣ дар бораи ҳазрати Муҳаммад, обдор шудани чоҳу сабз шудани дарахти хушк ва он чӣро, ки дар ин сафар рух дода буд ба Хадиҷа гуфт.
Гузориши Майсара Хадиҷаро дигаргун кард ва ба хотири ин гузориши умедворкунанда Майсараро озод кард.
Сипас Хадиҷа он чиро, ки аз Майсара шунида буд бо писарамӯяш Варақа ибни Навфал дар миён гузошт.
Варақа гуфт: Агар гузориши Майсара дуруст бошад, Муҳаммад ҳамон паёмбаре аст, ки беъсаташ барои ин уммат ваъда дода шудааст. Ман сифатҳои ӯро дар китобҳои осмонӣ хондаам. (Ҳаётулқулуб, ҷ.1, саҳ. 2013)
Хадиҷа яқин карда буд, ки Муҳаммад инсони оддӣ мисли дигарон нест. Бинобар ин бори дигар хоберо, ки чанде қабл дида буд дар пеши чашмон ва зеҳнаш овард ва гуфтаҳои олими яҳудӣ ҳам дар гӯшаш садо медод, ки ба занони Қурайш гуфта буд: Эй занони Қурайш, ҷавоне, ки акнун аз канори Каъба гузашт дар оянда пайғамбар хоҳад шуд. Ҳар кадоми шумо, ки тавонистед ҳамсараш шавед фурсатро аз даст надиҳед!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти