Ҳазрати Муҳаммад (с) 25 сола буд, ки саросари Арабистонро хушксолии сахте фаро гирифт. Мардуми Макка махсусан оилаҳое, ки харҷи зиндагияшон аз роҳи галладорӣ ва деҳқонӣ таъмин мешуд бо сахтиҳои зиёде рӯбарӯ шуданд.
Абӯтолиб бузурги Бани Ҳошим ва Қурайш беш аз дигарон сахтӣ дошт, чун оилааш калон ва рафтуомади мардум ва зоирон ба хонааш зиёд буд ва даромади кофӣ надошт.
Дар он сол тоҷирон Қурайш қарор гузоштанд, ки корвони тиҷорӣ ташкил кунанд ва ба Шом раванд. Расм ин буд, ки ҳар кас ба андозаи тавону сармояаш мол таҳия ва дар корвон ширкат мекард. Касоне, ки сармоя надоштанд аз сармоядорон қарз ва бо ширкат дар суди он дар корвон ширкат мекарданд.
Ҷаноби Абӯтолиб ба ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт: Эй фарзанди бародар, замона бар мо бисёр танг шуда ва ман ҳам пиру тангдаст шуда солҳои охири умрамро мегузаронам. Мехоҳам пеш аз марг туро ҳамсардор кунам ва бо хаёли осуда аз дунё биравам, аммо мушкилоти молӣ маро фишор оварда аз амалӣ шудани хостаам дур мекунад. Нигарони ояндаи ту ҳастам. Сипас афзуд: Эй Муҳаммад, корвони тиҷоратии Қурайш ба зудӣ ҷамъ мешавад ва ба Шом меравад. Хадиҷа духтари Хувайлид хеши мост ва моли бисёр дорад. Афроди зиёде аз мардуми Макка аз сармояи ӯ қарз гирифта бо он тиҷорат мекунанд. Агар пеши Хадиҷа биравӣ боварӣ дорам сармояи зиёде дар ихтиёри ту мегузорад. Бо он сармоя мол бихар ва бо корвони тиҷории Қурайш ба Шом бирав! Шояд аз ин роҳ фоида ва суд кардӣ ва мушкилоти зиндагиямон бартараф шуд. (Алвафо биаҳволил-Мустафо, ҷ.1, саҳ.143)
Дар он рӯзҳо сифатҳои ростгӯӣ ва амонатдории ҳазрати Муҳаммад(с) сари забонҳо буд ва мардум ӯро ба унвони Муҳаммади амин мешинохтанд ва ин хабар ба гӯши ҳазрати Хадиҷа ҳам расида буд.
Ҳазрати Хадиҷа дар тиҷорати худ суроғи одамони амин ва дурусткорро мегирифт. Вазъияти сахти зиндагии Абӯтолиб ва пешниҳодаш ба ҳазрати Муҳаммад ба гӯши ҳазрати Хадиҷа расид. Ӯ пайғом дод: Агар ту омодаи тиҷорат бошӣ ман ҳозирам ду баробар сармояе, ки ба дигарон медиҳам дар ихтиёри ту гузорам то дар корвони тиҷориям ширкат кунӣ.
Ҳазрати Муҳаммад пайғоми Хадиҷаро ба амӯяш расонд. Абӯтолиб гуфт: Фарзанди бародар, ин ризқе аст, ки Худо барои ту насиб кардааст. Беҳтар аст биравем ва бо Хадиҷа сӯҳбат кунем. (Ҳамон)
Абӯтолиб ҳамроҳи Аббос ва чан тани дигар аз Бани Ҳошим ба хонаи Хадиҷа рафтанд. Ӯ пас аз меҳмондорӣ ба онҳо гуфт: Эй бузургони Макка ва ҳарам, ба хонаи ман хуш омадед. Ҳар ҳоҷате доред бигӯед то анҷом диҳам.
Абӯтолиб гуфт: Барои ҳоҷате омадаам, ки фоидааш насиби ту мешавад ва баракаташ моли туро зиёд мекунад. Омадаем барои бародарзодаам Муҳаммад молеро зомин шавем то бо он тиҷорат кунад.
Хадиҷа, ки аз омадани Абӯтолиб ва омодагии Муҳаммад барои тиҷорат бисёр хушҳол шуда буд гуфт: Барои Муҳаммад! Хуб аст бидонед, ки беш аз нисфи сармоя ва моли корвони тиҷории Қурайш аз ман аст. Барои ин сармоя ба фарди амин ва дурусткории ҳамонанди шумо ниёз дорам то битавонад бо тадбир тиҷорат намояд.
Ҳазрати Муҳаммад фармуд: Ман ба сафар алоқаманд ҳастам ва омодаам барои тиҷорат бо корвон ба Шом равам.
Ҳазрати Хадиҷа баъди шунидани ин суханон Майсара ва Носеҳ ду ғуломашро даъват кард ва ба онҳо гуфт: Муҳаммад, амини моли ман аст. Ӯ ихтиёри комили моли маро дорад. Ҳар чӣ бигӯяд гӯш ва ҳар тасмиме бигирад бо ӯ ҳамкорӣ кунед. Дар ҳеҷ коре касе ҳаққи эътироз ё сухани тунд бо ӯро надоред!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст