Зиндагии ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)
Ҳазрати Хадиҷа (рз) маъмулан дар замони торикии шаб бо дӯстони худ ба тавофи Каъба мерафт. Дар яке аз шабҳо пас аз тавоф рӯ ба рӯи дари Каъба истоду бо Худо розу ниёз кард ва нимашаб, дар ҳоле хеле хаста шуда буд, ба хона баргашт. Дар он шаб, ки ҳамаи фарзандонаш ба хоб рафта буданд дар гӯшае дароз кашид ва зуд хобаш бурд.
Дар хоб дид, ки хуршед мисли инсон аз осмони Макка тулӯъ ва ором-ором ба сӯи хонаи Хадиҷа ҳаракат кард. Вақте ба хонааш расид истод ва аз он ҷо ҳамаи ҷаҳонро нурафшонӣ мекард ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ барои дидани хуршед ба хонаи ӯ меомаданд.
Ҳазрати Хадиҷа зуд аз хоб бедор шуд. Бархост ва ба атроф нигоҳ кард. Фарзандонаш дар хоби ором буданд ва касе ё чизи дигаре набуд. Дасте ба рӯи худ кашид. Чанд қадам роҳ рафту баргашт. Дубора сар ба бистар гузошт, аммо дигар хобаш намебурд. Зеҳнашро хобе, ки чанд лаҳза пеш дида буд машғул мекард.
Эҳсос кард, ки хобаш сода ва оддӣ нест. Соатҳо фикр кард, аммо ба ҷое нарасид. Ин фикру эҳсос ӯро ором намегузошт ва хобаш набурд.
То субҳ бо ин ҳол буд. Мунтазир буд, ки субҳ шавад ва назди писари амакаш Варақа биравад ва аз ӯ дар бораи хобаш бипурсад. Шояд ӯ чизе бидонад.
Бо тулӯъи хуршед бо шитоб ба хонаи Варақа рафт ва он чиро дар хоб дида буд барояш гуфт.
Вақте суханаш тамом шуд Варақа хушҳолу хандон ба ӯ гуфт: Эй духтари амак, бар ту мужда ва башорат бод, ки агар хобат рост бошад нури паёмбарӣ ба хонаи ту медарояд ва аз он нур ҳамаи ҷаҳон равшан мешавад.
Ҳазрати Хадиҷа бо шунидани суханони Варақа ба фикри амиқ фурӯ рафт ва зеҳнаш машғули ин савол шуд, ки чигуна ин ҳодиса рух хоҳад дод?
Муддатҳо гузашт. Ҳазрати Хадиҷа ба дунболи таъбири хоби пурасрораш буд. Дар ин муддат ҳар хостгоре, ки меомад ба ёди хобаш меафтод ва ӯро бо он монанд мекард. Вақте монанд намешуд ҷавобаш рад буд ва хостгорияшро намепазируфт.
Аҳмад Халил Ҷумъа, Нисоу аҳлилбайт фи завъил-қуръони вассунати, саҳ.18; Исоба, ҷ.8, саҳ.61
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст