Please update your Flash Player to view content.

Муносибатҳои моҳи шарифи Рамазон
20 моҳи мубораки Рамазон: Фатҳи Макка -2
Сипоҳи Ислом то минтақаи Муррузаҳрон, ки фақат чанд километр то Макка монда буд расиданд. Дар ин минтақа ба дастури Расули Худо(с) дар ҷойҳои зиёде оташ равшан кардаанд.
Абӯсӯфён, Ҳаким бин Ҳизом ва Бадил ибни Варқоб, ки барои бохабар шудан омада буданд, бо дидани оташи зиёд гумон карданд, ки қабилаҳои Ҳавозан қасди ҳамла ба онҳоро доранд, вале вақте Абӯсӯфён наздиктар рафт сипоҳи Ислом ва Аббос ибни Абдулмуталлибро дид.
Аббос ӯро ба пазириши дини Ислом даъват кард. Умар, ки он ҷо буд ба Расули Худо(с) гуфт: Гардани ин душмани Худоро бизанед!
Аббос ба Умар гуфт: Агар ӯ аз қабилаи Удай буд чунин намегуфтӣ.
Абӯсӯфён аввал ба тавҳид гувоҳӣ дод, аммо барои гувоҳӣ ба нубувват каме фикр кард ва гуфт: Ҳанӯз дар дилам чизе ҳаст. То фардо субҳ ба ман мӯҳлат диҳед.
Вақте субҳ азон гуфтанд Абӯсӯфён пурсид: Ин чист?
Гуфтанд: Ин эълони вақти намоз аст.
Гуфт: Дар шабонарӯз чанд бор ин намоз хонда мешавад?
Гуфтанд: Панҷ бор.
Гуфт: Ба Худо қасам, ки ин миқдор зиёд аст.
Пас назди Расули Худо(с) рафт ва ба нубуввати эшон гувоҳӣ дод.
Сипас бо эътироз гуфт: Чаро бо теъдоде авбош ба ҷанги қавму қабилаи худ омадӣ?
Расули Худо(с) фармуд: Шумо ситамгортар ва фоҷиртаред! Паймонатонро шикастед ва Банӣ Хузоаро дар ҳарами амни илоҳӣ куштед!
Абӯсӯфён гуфт: Оё беҳтар нест, ки бо қабилаи Ҳавозан, ки дар хешӣ бо ту дуртаранд биҷангем?
Расули Худо (с) фармуд: Умедворам, ки бо фатҳи Макка ба ҳамаи ин умур даст ёбам, чун фатҳи Макка метавонад Ҳиҷозро дар ихтиёри Ислом дароварад.
Бо тадбири Расули Худо(с) Абӯсӯфён азамати сипоҳи Исломро диду гуфт: То кунун чунин сипоҳеро надидаам ва ҳеҷ кас тавони ҷангидан бо ин сипоҳро надорад.
Иддае дар Макка мардумро барои ҷанг бо мусулмонон даъват кардаанд ва қасд доштанд, ки нагузоранд сипоҳи Ислом ба Макка дарояд.
Расули Худо(с) дар минитақаи Зи-туво истод ва сипоҳро тақсим ва ҳар гурӯҳро аз самте вориди Макка кард. Сипоҳи Ислом рӯзи бистуми моҳи мубораки Рамазони соли ҳашти ҳиҷрӣ боазамат ба шаҳри Макка даромад.
Парчамдори Ислом фарёд зад: Имрӯз рӯзи гӯшт пора кардан аст. (Алявм явмулмалҳама)
Вақте Расули Худо (с) аз ин бохабар шуд дастур дод парчамро аз дасташ бигиранд ва фарёд бизананд: Имрӯз рӯзи раҳмату меҳрубонӣ аст. (Алявм явмулмарҳама).
Расули Худо(с) фармуд: То эълом кунанд, ки ҳар кас дар хонаи худаш ё Масҷидулҳаром ё хонаи Абӯсӯфён бошад дар амон аст.
Вақте Расули Худо (с) аввалин бор такбиргӯён ба Масҷидулҳаром даромад мусулмонон ҳамроҳаш такбир гуфтанд ва иддае аз мушрикон аз болои куҳ ин саҳнаро тамошо мекарданд.
Он ҳазрат баъд аз тавоф ба суроғи бутҳо рафт ва яке-яке 360 бутро, ки бузургтарини он Ҳубал буд бо асояш шикаст ва бо хондани ояти جاء الحق و زهق الباطل ... Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд ва бешак ботил нобудшуданист.
Расули Худо (с) ҳамаи осори ширкро нобуд кард. Сипас сарашро бо оби замзам шуст ва мусулмонон қатраҳоеро, ки аз сари муборакаш мерехт ба қасди табаррук ба сару сурати худ мемолиданд.
Расули Худо(с) дар Макка хутбае хонд ва дар он баъзе аз масоили ахлоқӣ, аҳком ва тафовути ҳуқуқи мардум қабл аз Ислом ва баъд аз онро баён фармуд.
Ба дастури Паёмбари Акрам (с) Билол(р) ба болои Каъба рафт ва азон гуфт. Вақте мушрикон садои азонро шуниданд таассуф мехӯрданд, ба ҳадде ки Ҳорис ибни Ҳушом гуфт: Эй кош мемурдам ва ин рӯзро намедидам. Абӯсӯфён ҳам, ки назди ӯ буд гуфт: Ман чизе намегуям, зеро агар сухане бигӯям ҳамин регҳо Муҳаммадро хабар медиҳанд.
Расули Худо (с) дар он рӯз ғайр аз чанд нафар ҳамаи мушриконро бахшид. Фақат дар бораи чанд марду зани мушрик фармуд: Ҳар кас онҳоро дар ҳар ҷое биёбад бикушад ҳарчанд бар пардаи Каъба часпида бошанд.
Ин гуна шавкат ва азамати мушрикони Қурайш шикаста шуд ва Макка баъд аз 20 сол таҳти ҳукумати Паёмбари Аъзам(с) ва ихтиёри Ислом даромад.
Расули Худо (с) дар фатҳи Макка касеро ба қабули Ислом маҷбур накард. Афроди зиёде бо интихоб ва ихтиёри худ мусулмон шуд. Ҳарчанд бархе аз мушрикон барои ҳифзи ҷони худ дар зоҳир изҳори Ислом карданд. Бархе ҳам то соли нуҳуми ҳиҷрӣ ҳамчунон мушрик буданд. Муддати 15-20 рӯзе, ки Расули Худо (с) дар Макка буд дар ҳеҷ хонае зиндагӣ накард, балки дар минтақае хайма зад ва барои намоз ба Масҷидулҳаром мерафт.
Бо фатҳи Макка ваъдаи Худо дар қудратёбии мусулмонон амалӣ шуд. Макка ба дасти мусулмонон даромад ва мушрикони Қурайш барои ҳамеша шикаст хӯрданд. Бузургтарин қувваи низомӣ дар нимҷазираи Арабистон шакл гирифт, ки ҳеҷ як аз қабоил ё неруҳои муттаҳиди қабилаӣ тавонои рӯёрӯӣ бо онро надошт. Пас аз муддате, тақрибан тамоми нимҷазира ба Ислом гаравид. Ин фатҳ осори бузурги динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои мусулмонон ва Макка дар бардошт.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти