Please update your Flash Player to view content.

Мубаллиғе гуфт: Рӯзе савори таксӣ шудам. Роҳкиро додам. Вақте ронанда пули зиёдиро баргардонд 20 танга бештар дод. Бо худам чанд дақиқае машғул будам, ки 20 тангаро баргардонам ё не! Саранҷом бар нафсам ғолиб шудам ва 20 тангаро ба ронанда баргардондам.
Вақти фаромадан ронанда ба ман рӯ карду гуфт: "Бародар؟ аз шумо ташаккур мекунам."
Пурсидам: Чаро?
Гуфт: "Фардо мехостам ба масҷид ва маркази даъвати шумо биравам ва мусулмон шавам, аммо дудила будам! Бо бист танга садоқати шуморо санҷидам. Фардо назди шумо меоям.
Мубаллиғ чӣ гуфтанашро намедонист. Охир ӯ наздик буд ба хотири 20 танга пеши мусулмон шудани як нафарро бигирад аҳли Исломро бадном кунад. .. Худоро шукр кард, ки кӯмакаш кард.
Дар муомила бо дигарон диққат кунем ва роҳи росту дурустро дар пеш гирем, чун шояд мо ҳам дар ҳоли имтиҳон шудан бошем! Монеи хуб шудани дигарон ва бадном шудани хубон нашавем!
Аз ҳамаи инҳо бигзарем, набояд Худоро фаромӯш кард!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти