Please update your Flash Player to view content.
Пирамардеро ба хотири дуздидани нон ба додгоҳ ҳозир карданд.
Пирамард ба иштибоҳаш эътироф кард, вале далелашро чунин гуфт: Хеле гурусна будам ва наздик буд бимирам.
Қозӣ гуфт: Ту худат медонӣ, ки дузд ҳастӣ ва ман даҳ ҳазор сум туро ҷарима мекунам ва медонам, ки тавоноии пардохти онро надорӣ, ба ҳамин хотир ман ба ҷои ту ҷаримаро пардохт мекунам.
Дар он лаҳза ҳама сукут карда буданд ва диданд, ки қозӣ даҳ ҳазор сум аз ҷайби худ даровард ва дархост кард то ба хазона бобати ҳукми пирамард пардохт шавад.
Сипас истод ва ба ҳозирони маҷлис гуфт: Ҳамаи шумо маҳкум ҳастед ва бояд ҳар кадом даҳ ҳазор сум ҷарима пардохт кунед, чун шумо дар шаҳре зиндагӣ мекунед, ки фақир маҷбур мешавад тиккаи нонро дуздӣ кунад!
Дар он ҷаласаи додгоҳ 480 доллар ҷамъ шуд ва қозӣ онро ба пирамард бахшид.
Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: Агар дар шаҳри мусулмонон фақире дидӣ, бидон, ки сарватмандони он шаҳр ҳаққи онҳоро намедиҳанд!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти