Please update your Flash Player to view content.

Чӯпоне одат дошт то зери дарахти муайян нишинад ва галлаи гӯсфандонро барои чаро дар атрофи он нигаҳ дорад.
Зери дарахт се санг буд, ки ҳамеша аз онҳо чун уҷоқ истифода мекард ва чой меҷушонд. Ҳар бор ки миёни сангҳо оташ меафрухт мефаҳмид, ки яке аз сангҳо бо вуҷуди ин ки оташ равшан аст хунук аст, аммо далели онро намедонист.
Чанд бор саъй кард, ки бо иваз кардани ҷои сангҳо бифаҳмад, аммо бо тааҷҷуб медид ҳар ҷое он сангро мегузошт боз хунук буд. Дигар тоқат накард ва хост он розро фаҳмад. Бо теша сангро ду ним кард. Оҳ аз ниҳодаш баромад, чун дид, ки миёни санг мавҷуде бисёр майда мисли кирм зиндагӣ мекард.
Рӯ ба осмон кард ва дар ҳоле ки ашк рӯяшро тар карда буд Худоро шукр карду гуфт: «Эй Худои меҳрубон, ту аз ниёзи ин мавҷуд огоҳӣ ва онро таъмин мекунӣ пас бибин барои ман чӣ кардаӣ ва ман ҳеҷ гоҳ санги вуҷудамро нашикастам то меҳри туро ба худ бибинам.»

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти