Please update your Flash Player to view content.

Фарде дар бораи ҳамсояаш хабарҳои зиёде, ки аз ҳақиқаташ огоҳ набуд пахш кард. Баъд аз муддати каме хабарҳо ба гӯши атрофёни он ҳамсоя расид. Обрӯи он шахс рафт ва хеле зарар дид ва гирифтори мушкилиҳои зиёде шуд.
Вақте фаҳмид, ки хабарҳояш дурӯғ буда ва вазъияти ҳамсояаш дар миёни ҷамъият хеле бад шудааст аз кори кардааш пушаймон шуд ва ба сӯроғи ҳакиме рафт то бо роҳнамоии ӯ битавонад хатояшро ҷуброн кунад.
Ҳаким ба ӯ гуфт: «Ба бозор рав ва як мурғ бихару онро бикуш ва парҳояшро дар роҳи наздики маҳалли зиндагии худ дона - дона бирез.»
Ӯ аз ин роҳи ҳал ҳайрон шуд, вале ин корро кард.
Рӯзи баъд ҳаким ба ӯ гуфт: Ҳоло он парҳоро барои ман биёр.
Вай рафт, вале чорто пар бештар пайдо накард. Онҳоро пеши ҳаким овард.
Ҳаким гуфт: Андохтани он парҳо содда буд, вале ҷамъ кардани онҳо мушкил аст. Хабарҳои нодуруст ва дурӯғ осон анҷом ва пахш мешавад, вале ҷуброни комили он ғайри мумкин аст.
Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти