Please update your Flash Player to view content.

Марди миёнсоле вориди ошхона шуд ва рост пеши фурушанда рафт ва пурсид: «Бибахшед, шумо барои дармони ҳукак задан чизе доред?»
Соҳиби  ошхона бе ягон пурсиш аз яхдон нӯшиданӣ оварду онро пеши он мард маҳкам ба замин кӯбид!
Мард шигифтзада гуфт: «Чӣ кор мекунӣ?»
Соҳибмағоза лабхнд заду гуфт: «Тарсидед? Ҳоло дигар ҳукак намезанед.»
Мард гуфт: “Ман барои ҳамсарам, ки дар мошин ҳукак мезанад, чизе мехостам на барои худам.”
Оё шумо ҳам пеш аз донистани асли мавзӯъ натиҷагирӣ мекунед ва назар медиҳед?
Барои  бештари мо ин як одати қадимист. Ба ҳамин далел бояд талош кунем, ки ёд бигирем қабл аз тамом нашудани саволи дигарон, онҳоро бо посухамон накубем!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти