Please update your Flash Player to view content.

Вилодат ва ҳасбу насаб

Бино ба навиштаи таърихнависон тавллуди ҳазрати Алӣ(к) дар рӯзи ҷумъа 13 Раҷаб дар соли сиюми оммулфил ба тарзи аҷибу бесобиқае дар даруни Каъба яъне хонаи Худо ба вуқуъ пайваст, шоире дар ин замина мегуяд:

Эй онки ҳарими Каъба кошонаи туст

Батҳо садафи гавҳари якдонаи туст

Гар мавлиди ту ба Каъба омад чӣ аҷаб

Эй наҷли халил хонаи худ хонаи туст

Падари он ҳазрат Абутолиб фарзанди Абдумуталиб ибни Ҳошим ибни Абд Маноф ва модараш ҳам Фотима духтари Асад ибни Ҳошим буд бино бар ин ҳазрати Алӣ(к) аз ҳар ду тараф Ҳошими насаб аст.

Аммо вилодати ин кудак монанди вилодати дигар кудакон ба содаги ва ба таври одди набуд балки бо таҳаввулоти аҷиб ва маънави ҳамроҳ буда аст.

Ин ифтихор ки дар дохили Каъба ба дунё омада аст махсуси ҳазрати Алӣ(к) аст ва бар каси дигаре чи дар гузашта ва чи дар оянда ба даст наёмада аст ва Ибни Сабоғи Молики мегуяд:

و لم يولد فى البيت الحرام قبله احد سواه و هى فضيلة خصه الله تعالى بها اجلالا له و اعلاء لمرتبته و اظهارا لتكرمته.

Яъне пеш аз ҳазрат аҳаде дар хонаи Каъба вилодат наёфт магар худи ӯ ва ин фазилате аст, ки Худои Мутаол ба ҳазрати Алӣ(к) ихтисос дода аст то мардум мартабаи баланди ӯро бишиносанд ва аз ӯ таҷлил ва такрим намоянд.

Он шери диловар ки зи баҳри тамаъи нафс

Дар хони ҷаҳон панҷа наёлуд, Алӣ буд

Шоҳе ки васи буду вали буд, Алӣ буд

Султони сахову караму ҷуд, Алӣ буд

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти