Please update your Flash Player to view content.

Ба гувоҳии Қуръон ҳайвонот ва парандагон дорои миллат ва гурӯҳ буда ва бо якдигар сухан мегӯянд. Аз миёни онҳо мӯрча аз аҳаммияти хоссе бархӯрдор аст ва диққат дар офариниши ин ҳашараи ҳайратовар инсонро мабҳути қудрати Худои Доно мекунад. Дар байни ҳайвонот ва ҳашарот мӯрча бештарин шабоҳатро ба инсон ва зиндагии иҷтимоии ӯ дорад.

Лонаи мӯрча

Яке аз корҳои шигифтоваре, ки мӯрча анҷом медиҳад хона сохтани он аст. Биноҳои мӯрчагон ба шаклҳои гуногуне сохта мешавад. Дар меъмории шаҳри мӯрчаҳо, ки ба “ мӯрчадон “ маъруф аст, гуногунӣ ба чашм мехурад ва ҳар дастае аз мӯрчаҳо ҳамоҳанг бо сохтмони баданӣ ва рӯҳиёти худ хонаи хешро месозад. 9% хонаҳои мӯрчагон дар зери заминҳо канда ва дар ҳамон зери заминҳо ба шохаҳои гуногун тақсим мешаванд. Гоҳе вақтҳо ин хонаҳо дар бист табақа дар қисмати боло ва чандин табақа дар зери замин сохта шуда ва ҳар табақаи он як роҳи махсус дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ҳаво сохта шудаанд ва барои сақфҳои гарми он даричаҳое гузоштаанд, ки ҳаво аз он даричаҳо дохил ва хориҷ мешавад.

Мӯрчаҳо дар яке аз ин табақаҳо, ки махсус барои захираи ғизо ва донаҳо сохта шудаанд, донаҳои ҷамъкардаи худро захира мекунанд, то онҳо нам нагиранд ва вайрон нашаванд. Яке аз корҳои шигифтовари дигаре, ки мӯрчаҳо анҷом медиҳанд ин аст, ки вақте мӯрчаҳо донаи гандумеро барои захира ба лонаҳо мебаранд, барои ин ки гандум дар зери хок сабз нашавад ва ба хуша табдил нагардад, решаеро, ки дар нуки донаи гандум қарор дорад, бо дандон мекананд ва сипас захира мекунанд, то ин ки нарӯяд ва лонаро хароб ва вайрон накунад.

Мӯрчаҳои ғизорасон

Баъзе аз мӯрчаҳо вазифаи таъмини ғизоро бар уҳда доранд. Онҳо дар мадхали шиками худ чизе монанди як кисаи кӯчак доранд. Ин киса меъдаи мӯрча нест, зеро ғизое, ки дар он қарор мегирад, ҳазм намешавад, балки барои сер кардани шиками мӯрчаҳои дигар нигоҳдорӣ мешавад.

Мӯрчаҳое, ки вазифаи таъмини ғизои аҳолии шаҳрро бар уҳда доранд, пушти сари ҳам дар мӯрчадон ва лонаи худ қарор мегиранд, то мӯрчаҳо аз ғизои мавҷуд дар кисаи бадани онҳо истифода кунанд. Мӯрчаҳо фақат ба мӯрчаҳои ҳам лонаи худ ғизо намедиҳанд, балки ба мӯрчаҳои бегона низ ғизо медиҳанд. Ба ҳамин далел бархе аз донишмандон гуфтаанд, ки мӯрча қарз диҳанда нест, чун касе, ки қарз медиҳад дар интизори пас гирифтани он аст, вале мӯрча ҳаргиз дар интизори пас гирифтани он чи ки медиҳад нест. Ин мавҷуд ҳозир аст ҳосили заҳматҳои худро ройгон ба ҳамнавъони худ тақдим кунад. Бинобар ин рӯҳияи исор ва аз худгузаштагӣ дар миёни мӯрчаҳои ғизорасон ошкоро ба чашм мехурад.

Истироҳати мӯрчаҳо

Мӯрча барои мо инсонҳо намунаи кору талош аст. Ба гумони мо мӯрча шабу рӯз кор мекунад, дар ҳоле ки баррасиҳои донишмандон ин ҳақиқатро баён мекунад, ки мӯрча низ лаҳзаҳое аз зиндагии рӯзонаи худро истироҳат мекунад.

Ҳангоме ки мӯрча бо бори чанд баробари вазни худ ба хона бар мегардад, дӯстони ӯ, ки дар остонаи лона ба интизораш истодаанд, бо гармӣ ва муҳаббат ӯро пешвоз мегиранд ва пас аз гирифтани ғизо аз ӯ гарду хоки баданашро пок ва дасту пояшро навозиш мекунанд ва ӯро ба хобгоҳ, яъне маконе ки дуртар аз маҳалли рафту омади мӯрчаҳо аст, мебаранд. Пас аз он мӯрча аз хастагии зиёд ба хоби амиқе фурӯ меравад, ба гунае ки сару садои мӯрчаҳои дигар ӯро бедор намекунад. Замоне ки хастагии мӯрча бартараф шуд, аз хоб бедор мешавад ва дубора ба кору талош мепардозад.

Мӯрчаҳои деҳқон ва чупон

Дар миёни милёрдҳо мӯрча, ки бар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, гунаҳои бисёр ҷолиб ёфт мешаванд. Яке аз онҳо мӯрчаи кишоварз ё деҳқон аст. Ин гуна аз мӯрчаҳо тепаи баланд месозанд ва дар зери он чизе монанди долон дуруст мекунанд. Ин мӯрчаҳо пас аз сохти хона гиёҳони атрофи лонаи худро аз байн мебаранд ва ба кишти донаи хос ба номи биринҷи мӯрчаӣ мепардозанд.

Агар биринҷе, ки дар анборҳо захира аст, нам бардорад мӯрчаҳо онро дар баробари офтоб қарор медиҳанд, то хушк шавад ва агар донае сабз шавад, онро ба беруни хона мебаранд, то реша бидавонад ва бирӯяд. Ин кор сабаб шудааст, ки мардум фикр кунанд ин мӯрчаҳо дар ҳақиқат дона мекоранд ва аз ин рӯ номи онҳоро мӯрчаи кишоварз ниҳодаанд.

Гурӯҳи дигар аз мӯрчаҳо ба дом парварӣ ва чупонӣ мепардозанд ва монанди инсон аз домҳои худ нигоҳдорӣ мекунанд ва онҳоро медушанд. Ин навъ аз мӯрчаҳо ба хотири таҳияи шаҳди гиёҳоне, ки ба асалак маъруфанд, тухми ҳашараҳое монанди шипишҳоро, ки онҳо низ асалакро дӯст медоранд, ба лонаи худ мебаранд ва пас аз берун омадани шипишҳо аз тухм, онҳоро ба канори гиёҳони шаҳддор мебаранд ва иҷозат медиҳанд, ки ин ҳашараҳо ҳарчи метавонанд шаҳд бинӯшанд. Сипас монанди чупоне, ки говҳои худро аз саҳро боз мегардонад, шипишҳоро ба лонаи худ бар мегардонанд ва бо даст кашидан бар бадани онҳо, шаҳди лозимро ба даст меоваранд. Ҳар шипиш метавонад дар 24 соат 48 қатра шаҳд ба мӯрчаҳо бидиҳад.[1]

Ин гӯшае аз шигифтиҳои офариниш аст, ки донишмандони зистшинос ба он пай бурдаанд. Ин гуна шигифтиҳо дар олам фаровон аст, ки ҳар рӯз дар муқобили чашмони мо ҷилва мекунанд. Аз гиёҳон ва дарахтони зебо гирифта, то кӯҳҳои бо шукӯҳ ва осмони дилрабо ва ситорагону хуршеду моҳ, ҳама ва ҳама инсонро ғарқи тамошои қудратнамоиҳои Офаридгори Бузурги ҷаҳон месозад.

[1] . www.hawzah.net

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти