Please update your Flash Player to view content.

Бинобар нақли бисёре аз муфассирон, Идрис(а) ҷадди (боби) падарии Нуҳ(а) аст. Номи ӯ дар Таврот “Ухнух” ва дар араби Идрис мебошад ва бархе онро аз моддаи дараса медонанд; зеро Идрис(а) касе буд, ки бо қалам хат навишт ва нависандаги кард. Ӯ илова бар мақоми нубувват, ба илми нуҷум ва ҳисоб ва ҳайат тасаллут дошт ва аввалин касе буд, ки тарзи духтани либосҳоро ба инсонҳо омухт. Номаш, ду бор дар Қуръон, он ҳам бо ишораҳои кутоҳ омада аст.[1]

Идрис(а) дар Қуръон

Дар сураи Марям оёти 56, 57 ва 58:

و اذکر في الکتاب ادريس انه کان صديقا نبيا

“Дар китоби осмониат (Қуръон) аз Идрис ёд кун, ки ӯ сиддиқ ва паёмбар буд.”

Сиддиқ ба маънои шахси бисёр ростгу ва тасдиқкунандаи оёти Худованд ва таслим дар баробари ҳақ ва ҳақиқат аст.

و رفعناه مکانا عليا

“Ӯро ба мақоми баланде расонидем.”

اولئک الذين انعم الله عليهم من النبيين

“Онҳо паёмбароне буданд, ки Худованд ононро машмули неъмат худ қарор дод.”

من ذرية آدم و ممن حملنا مع نوح و من ذرية ابراهيم و اسرائيل

“Ки баъзе аз фарзандони Одам буданд ва беъзе аз фарзандони касоне буданд, ки бо Нуҳ дар кишти савор кардем ва баъзе аз дудмони Иброҳим ва Исмоил.”[2]
Ҳамаи паёмбарон аз фарзандони Одам буданд, вале бо таваҷуҳ ба наздики онҳо ба яке аз паёмбарони бузург, аз онҳо ба унвони зуррияи Иброҳим ва Исроил ёд шуда аст, ба ин тартиб, манзур аз фарзандони Одам дар ин оят,  ҳазрати Идрис(а) аст, ки бинобар машҳур, ҷадди (бобии) Нуҳ(а) аст ва манзур аз фарзандон касоне ки бо Нуҳ(а) бар кишти савор шуданд,  ҳазрати Иброҳим(а) аст; зеро Иброҳим(а) аз фарзандони Сом (фарзанди Нуҳ) буда ва манзур аз фарзандони Иброҳим(а), Исҳоқ ва Исмоил ва Яъқуб аст ва манзур аз фарзандони Исроил, Мусо, Ҳорун, Закариё, Яҳё ва Исо(а) мебошад.

و ممن هدينا و اجتبينا اذا تتلي عليهم ايات الرحمن خروا سجدا و بکيا

“Дар миёни касоне, ки ҳидоят кардем ва баргузидем, афроде ҳастанд, ки вақте оёти Худованди Раҳмон бар онҳо хонда шавад, ба хок меафтанд ва саҷда мекунанд ва селоби ашкашон сарозер мешавад.”

Сураи Анбиё оёти 85 ва 86

و اسماعيل و ادريس و ذاالکفل کل من الصابرين

“Исмоил ва Идрис ва Зулкифл, ки ҳамаи онҳ аз собирон ва шикебоён буданд”

Ва ҳар як аз ин паёмбарон, дар тули умри худ, дар баробари душманон ваё мушкилот тоқатфарсои зиндаги шикебоӣ ва пойдои нишон доданд ва ҳаргиз дар баробари гирифториҳо зону назаданд ва ҳар як улгуӣ аз поймарди буданд.

Сипас Қуръон, бузургтарин бахшишҳои илоҳиро, дар баробари, шикебоӣ ва пйдориашон чунин баён мекунад:

و ادخلناهم في رحمتنا انهم من الصالحين

“Мо онҳоро дар раҳмати худ дохил кардем; чаро ки аз солеҳон буданд.”

Ҷолиб инки намегуяд мо раҳмати удро ба онҳо бахшидаем, балки мегуяд: “Онҳоро дар раҳмати худ дохил кардем. ”

Гуё бо тамоми ҷисму ҷонашон дар раҳмати илоӣ ғарқ шудаанд.[3]





[1] Сураи Марям, оёти 56, 57 ва 58; сураи Анбиё, оёти 85 ва 86.

[2] Тафсири Намуна, ҷ 13, саҳ 97 то 100 ва аз саҳ 482 то 483.

[3] Тафсири Намуна, ҷ 13 зейли оят.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти