Дар Қуръони Карим аз китобҳои паёмбарон ба шакли зер ёд шуда аст:

  1. Суҳуф” китоби  ҳазрати Иброҳим(а)дар сураи Аъло, ояти 19.

إنَّ هَذا لَفی الصُّحُفِ الأُولَی

  1. Забур” китоби  ҳазрати Довуд(а) дар сураҳои Нисо, ояти 163 ва Исро, ояти 55.

وَءَاتَینَا دَاوُودَ زَبُوراً

3. “Таврот” китоби ҳазрати Мусо(а) дар сураи Оли Имрон, ояти 3 ва оёти дигар

نَزَّلَ عَلَیکَ الکِتَابَ بِالحَقِّ مُصَدِّقاً لِّمَا بَینَ یَدَیهِ وَ أَنزَلَ التّورَاةَ وَ الإِنجیلَ

4. “Инҷил” китоби ҳазрати Исо(а) дар сураи Оли Имрон, ояти 3 ва оёти дигар

نَزَّلَ عَلَیکَ الکِتَابَ بِالحَقِّ مُصَدِّقاً لِّمَا بَینَ یَدَیهِ وَ أَنزَلَ التّورَاةَ وَ الإِنجیلَ

5. “Қуръон” китоби  ҳазрати Муҳаммад(с)  дар сураи Бақара, ояти 185 ва Нисо, ояти 82 ва оёти дигар

شَهرُ رَمَضَانَ الّذی أُنزِلَ فیهِ القُرآنُ

Албатта барои Қуръон номҳои дигаре ҳам зикр шуда аст, монанди “Китоб” “Зикр” ва “Фурқон”.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки қадимтарин паёмбарони соҳиби китоб ва шариат,  ҳазрати Нуҳ(а) аст.[1] Аммо дар Қуръон аз китоби он ҳазрат ном бурда нашуда аст.



[1] Тарҷумаи тафсири Алмизон,ҷ 4, саҳ 147.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст