Воқеаҳои пас аз таваллуди Паёмбар(с) чи буд??

Онгуна ки таърихнависон навиштаанд воқеаҳои баъд аз таваллуди Паёмбар(с) чунин аст:

1. Дар замони таваллуди Расули Худо(с) оташкадаҳо (махсусан оташкадаи форс, ки солҳо мавриди такрими зардуштиён буд) ногаҳон хомӯш шуд.

2. Дарёчаи Сова хушк шуд.

3. Дар биёбони Самова об пайдо шуд.

4. Нуре дурахшон пайдо шуд, ки фазои Маккаро равшан намуд.

5. Шайтонҳо, ки то он лаҳза бо олами боло роҳ доштанд ва садои малоикаро мешуниданд, барои ҳамеша дур шуданд.

6. Тоқи кох ва айвони Касро шикоф бардошт.

7. Пуле (купрук), ки бар рӯи рудхонаи Даҷла баста буданд шикаст ва об вориди шаҳр шуд.


 

 

 

2