Please update your Flash Player to view content.

Моҳи меҳмонии Худо

          Дар моҳи меҳмонии Худо ҳастем, дастархони меҳмонӣ паҳн карда шудааст, ҳамаи башарият даъватанд, мизбон ҳам Худованд аст, ин даъват ҳар лаҳзааш боарзиштарин лаҳзаҳост, Худованд муштоқ ва интизор аст, ки аз тарафи бандагонаш хонда шавад, аз Ӯ дархост кунанд, то иҷобатошон кунад, риштаи дӯстиро дубора васл кунанд, то таваҷҷӯҳоти Худованд нисбат ба бандагонаш бештар шавад.

Дар инҷо ҳадиси қудсиеро, ки иштиёқ ва муҳаббати Худованд ба бандагонашро шарҳ медиҳад меоварем, то талош ва кушиши мо ҳам дар ин моҳ бештар ва беҳтар шавад, дуоҳо ва таваҷҷӯҳамон ба Худо аз рӯи огоҳӣ ва маърифати бештар бошад.

Двр ҳадиси қудсӣ аз тарафи Худованд хитоб ба ҳазрати Доввуд (а) омадааст, ки мефармояд:

            «یا داودُ، لَو یَعلَمُ المُدبِرونَ عَنّی کَیفَ انتِظاری لَهُم وَرِفقی بهم و شَوقی اِلَی تَرکِ مَعاصیهِم لَماتُوا شَوقاً اِلیَّ وَ تَقطَّعَت أوصالُهُم مِن مَحَبَّتی.»

          "Эй Доввуд! Агар касоне, ки ба ман пушт карда ва рӯй гардонидаанд, медонистанд, ки чи гуна дар интизори баргашти онҳо ҳастам ва муштоқи омӯрзидани гуноҳони онҳо ҳастам, аз шиддати ишитёқ ва муҳаббати ман банд- банди вуҷудашон аз ҳам ҷудо мешуд."

          Худованд бо ин ҳама азамату бузургӣ дар интизори бандаи ҳақири мисли мо аст, оё дур аз инсоният ва шарофат нест, ки ба Ӯ пушт кунем ва ба ғайри Ӯ рӯй биёварем? Оё набояд инсон ба худ биёяд ва ба асли худ баргардад?

«...إِنَّا لِلَّهِ وَ إِنَّا إِلَيْهِ راجِعُون»

"Ҳамоно мо аз Худоем ва яқинан мо ба сӯи Ӯ бозмегардем." (Сураи Бақара, ояти156).

Дар ҳоле ки инсон фақири беш набуд, Худо бениёзаш кард, дармонда ва заъифе беш набуд, қудрат ва паноҳаш дод. Дар дуоҳо омадаст, ки мефармояд:

«أَنَا... الْعَارِي الَّذِي كَسَوْتَهُ وَ الْفَقِيرُ الَّذِي أَغْنَيْتَهُ وَ الضَّعِيفُ الَّذِي قَوَّيْتَهُ‏...

          "Ман бараҳнае будам, ки либосам пӯшонидӣ ва фақире будам, ки бениёзаш кардӣ ва нотавоне будам, ки тавоноияш додӣ...

وَ الذَّلِيلُ الَّذِي أَعْزَزْتَهُ وَ السَّقِيمُ الَّذِي شَفَيْتَهُ وَ السَّائِلُ الَّذِي أَعْطَيْتَهُ...»‏

          Ва хору залиле, ки азизаш гардонидӣ ва маризе, ки шифояш бахшидӣ ва дархосткунандае, ки ба ӯ бахшидӣ..."

          Магар инсон ғайр аз ин аст, ки ҳарчи дорад аз Худост. Чаро посух намедиҳем, ба муҳаббати Худо? Танҳо сазовори дӯстӣ Худо аст, аз ҳар касе рӯй бигардонӣ, аз Худо ки наметавони. Ӯ Зоте аст, ки фазл ва карамашро аз ту як лаҳза бигирад, нобуд мешавӣ. Чаро аз касе, ки вуҷудаш раҳмат аст ва дар аҳаду паймонаш худро раҳматбахш номидааст, рӯй мегардонӣ?

«...كَتَبَ عَلى‏ نَفْسِهِ الرَّحْمَة...»

"Раҳматро бар Худаш муқаррар доштааст,"(Сураи Анъом, ояти 12).

         Чаро инсон аз ин ҳама лутфу инояти Худовнд бетаваҷҷӯҳ бошад? Аз инсоният дур нест, бо ин ҳама лутфи Худо аз дигарон ташакур кунем, ризқу рӯзиро аз Худо дарёфт кунем, ғайри Ӯро парастиш мекунӣ? Чунин чизе шоистаи инсоният нест.

         Моҳи рамазон беҳтарин вақт барои баргашт ба сӯи Худованд аст ва беҳтарин замон аст, ки ба худ биёем ва ба Худо баргардем, то аз таваҷҷӯҳот ва инояти хосси Ӯ баҳраманд шавем.

         Баъд аз хондан ва тааммул дар ин ҳадис ва дуоҳо ин матолибро ба дигарон ҳам бирасонед, то ҳама аз иноят ва таваҷҷӯҳи хосси иллоҳӣ баҳраманд шавем ва машмули раҳматаш қарор гирем.

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти