Please update your Flash Player to view content.

Ҳазрати Содиқ(а) фармуданд

أَحَبُّ الْأَعْمَالِ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ الصَّلَاةُ وَ هِيَ آخِرُ وَصَايَا الْأَنْبِيَاءِ...

Маҳбубтарини амалҳо дар пеши Худованд -азза ва ҷалла- намоз аст ва он охирин суфориши паёмбарон(а) аст.[1]

 

Суфориши Пайғамбарон(а) ба намоз

1. Ҳазрати Иброҳим(а)

رَبِّ اجْعَلْني‏ مُقيمَ الصَّلاةِ وَ مِنْ ذُرِّيَّتي‏ رَبَّنا وَ تَقَبَّلْ دُعاء[2]  

Парвардигоро! Маро барпокунандаи намоз қарор деҳ ва фарзандонам(-ро низ аҳли намоз гардон). Парвардигоро! Дуои маро бипазир!

2.Ҳазрати Луқмон(а)

يا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلاةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَ انْهَ عَنِ الْمُنْكَر...[3]

Писарам намозро барпо дор ва амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар кун...

3. Ҳазрати Исо(а)

[4]وَ جَعَلَنىِ مُبَارَكا أَيْنَ مَا كُنتُ وَ أَوْصَانىِ بِالصَّلَوةِ وَ الزَّكَوةِ مَا دُمْتُ حَيًّاپ

Ва маро (ҳарҷо ки бошам) вуҷуде пурбаракат қарор дод ва то замоне ки зиндаам, маро ба намоз ва закот тавсия кард.!


[1]. Кофи, ҷ.3, саҳ. 264

[2]. Сураи Иброҳим ояи 40

[3]. Сураи Луқмон ояи 17

[4]. Сураи Марям ояи 31

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти