Please update your Flash Player to view content.

Дуоҳои ҳазрати Нуҳ(а)

Саломуддин Маъниддин

 

بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

وَنَادَى نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابُنِي مِنْ أَهْلِي وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَأَنتَ أَحْكَمُ الْحَاكِمِينَ

Ва нодо Нуҳун раббаҳу фақола раббӣ иннабнӣ мин аҳлӣ ва инна ваъдакал ҳаққу ва анта аҳкамул ҳокимин

Пас Нуҳ Парвардигорашро нидо доду гуфт: Парвардигоро! Ҳамоно писарам аз хонадони ман аст ва албатта ваъдаи ту (дар бораи наҷоти хонадонам) ҳақ аст ва ту беҳтарин доварӣ.

Бигуфто ба даргоҳи Аллоҳ Нуҳ

Чу дар кори худ дид насру футуҳ

Ки фарзанди ман худ зи насли ман аст

Худ аз аҳли байту маро чун тан аст

Туро ваъдаи хашм ёбад вуҷуд

Туӣ бартарин ҳукмрон эй вадуд

Паёмҳо

1. Дар дуо ва сухан гуфтан бо Худо адабро риоят кунед. Ҳазрати Нуҳ нагуфт: Худоё тибқи ваъдае, ки додӣ ки аҳламро наҷот медиҳӣ бояд фарзандамро наҷот медодӣ пас чаро наҷот надодӣ, балки гуфт: أَنْتَ أَحْكَمُ الْحاكِمِينَ Ту беҳтарин доварӣ.

2. Агар имдоди илоҳӣ набошад авлиёи Худо низ мумкин аст дар (шинохти афрод) хато кунанд. إِنَّ ابْنِي مِنْ أَهْلِ

 


بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ وَإِلاَّ تَغْفِرْ لِي وَتَرْحَمْنِي أَكُن مِّنَ الْخَاسِرِينَ

Раббӣ иннӣ аъузу бика ан асъалака мо лайса лӣ биҳӣ илмун ва илло тағфир лӣ ва тарҳамнӣ акум минал хосирин

(Нуҳ(а) гуфт:) Парвардигоро! Ба ту паноҳ мебарам аз инки чизеро, ки (хуб ё бад будани) онро намедонам аз ту бихоҳам ва агар ту (ин дархостамро) ба ман набахшӣ ва бар ман тараҳҳум накунӣ аз зиёнкорон хоҳам буд.

Бигуфто Худоё биёрам паноҳ

Ки ҷуз ту надорам дигар ҳеҷ роҳ

Тақозо насозам аз ин пас дигар

Зи чизе, ки аз он надорам хабар

Кунун гар набахшӣ маро эй илоҳ

Тараҳҳум наварзӣ ба ман з-ин гуноҳ

Зиёнкор гарданм дар ин достон

Чи ҳосил насибам шавад ҷуз зиён

Паёмҳо

1. Паноҳ бурдан ба Худо беҳтарин роҳи суғуртаи инсон дар гирифториҳост. رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ

2. Ҳар куҷо аз маслиҳат илм надорем дархост накунем.

إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْئَلَكَ ما لَيْسَ لِي بِهِ عِلْ

3. Ҳар гуна савол ва сухани беҷо ниёз ба тавба дорад.

وَ إِلَّا تَغْفِرْ لِ

4. Аввал омурзиш сипас дарёфти раҳмат.

وَ إِلَّا تَغْفِرْ لِي وَ تَرْحَمْنِ

5. Зарар ва зиёни воқеӣ бахшида нашудани гуноҳон аст.

وَ إِلَّا تَغْفِرْ لِي ... أَكُنْ مِنَ الْخاسِرِينَ

6. Ҳатто анбиё ҳам белутфи Худо ба мақсад намерасанд ва ҳар кас ки аз мағфирати илоҳӣ маҳрум шуд зиёнкор аст.

أَكُنْ مِنَ الْخاسِرِي


بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ انصُرْنِي بِمَا كَذَّبُونِ

Раббӣ унсурнӣ бимо каззабун

(Нуҳ(а) гуфт:) Парвардигоро! Маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун.

Ба дил Нуҳ гуфто ба якто Худо

Бар ин козибонам ту нусрат намо

Паёмҳо

1. Таваккул ва дуо бузургтарин аҳрум ва муҳофиз дар баробари тӯҳматҳо ва таҳқирҳост. قالَ رَبِّ

2. Дархости кӯмак аз Худованд барои пирӯзии имон бар куфр аст на пирӯзии фард бар фард. انْصُرْنِي بِما كَذَّبُونِ

2.


بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَّبِّ أَنزِلْنِي مُنزَلًا مُّبَارَكًا وَأَنتَ خَيْرُ الْمُنزِلِينَ

Раббӣ анзилнӣ мунзалам муборакан ва анта хайрул мунзилин

Парвардигоро! Маро бо нузули пурбаракат фуруд ор, ки ту беҳтарин фурудоварандагонӣ.

Фуруд ор моро дар он ҷойгоҳ,

Ки хайре бувад андар он пойгоҳ

Ки бисёр ҳастӣ ту меҳмоннавоз

Дари раҳматат ҳар замон ҳаст боз

Нуктаҳо

Дар ҳадис мехонем, ки Расули Худо(с) ба ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Ҳаргоҳ вориди манзиле шудӣ ояи 29-и Мӯъминун (яъне ҳамин оя)-ро бихон то Худованд аз хайри онҷо комёбат кунад ва аз бадиаш туро дур созад

Паёмҳо

1. Ибтидо Худовандро бар неъматҳои гузашта шукр кунем сипас аз ӯ неъмати дигар бихоҳем.

الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي رَبِّ أَنْزِلْنِي

2. Дар дуо Худовандро бо он сифате, ки бо хостаи мо таносуби бештаре дорад ёд кунем.

أَنْزِلْنِي خَيْرُ الْمُنْزِلِينَ

 

 


بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ إِنَّ قَوْمِي كَذَّبُونِ فَافْتَحْ بَيْنِي وَبَيْنَهُمْ فَتْحًا

وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِي مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

Раббӣ инна қавмӣ каззабунӣ фафтаҳ байнӣ ва байнаҳум фатҳан ва наҷҷинӣ ва мам маъӣ минал мӯъминин

(Нуҳ(а) гуфт:) Парвардигоро! Ҳамоно қавми ман маро такзиб карданд. Пас миёни ман ва онон (доварӣ кун ва) роҳи равшане бикшо ва маро ва ҳар мӯъминеро, ки бо ман аст, (аз шарри ин кофирон) наҷот бидеҳ.

Набӣ Нуҳ гуфто ба Парвардигор

Бикарданд такзиб маро қавми хор

Худоё ту дар байни мо ҳукм рон

Ҳамонон туӣ бартарин ҳукмрон

Гушоиш дар ин кор мекун ато

Ману мӯъминонро кун аз ҳам раҳо

Паёмҳо

1. Дар баробари таҳдидҳои душманон ба Худо мутавассил шавем. قالَ رَبِّ

2. Аввал барои ҳалли мушкилоти мардум ва ҷомеа дуо кунед баъд барои наҷоти худ.فَافْتَحْ ... ونَجِّنِي ‏

3. Бо вуҷуди таҳдид ва хафақон гуруҳе аз мардум ба Пайғамбарон(а) имон меоваранд. وَ مَنْ مَعِيَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

4. Ончи муҳим аст ҳамроҳии амалӣ ва мактабӣ аст на физикӣ ва зоҳирӣ. وَ مَنْ مَعِيَ مِنَ الْمُؤْمِنِين

5. Мӯъминон машмули дуои Паёмбарон(а) ҳастанд.

نَجِّنِي وَ مَنْ مَعِيَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

6. Имон ба танҳоӣ кофӣ нест, балки пайравӣ ва ҳамроҳӣ лозим аст. وَ مَنْ مَعِيَ

 

 

 


بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَّبِّ لَا تَذَرْ عَلَى الْأَرْضِ مِنَ الْكَافِرِينَ دَيَّارًا

إِنَّكَ إِن تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوا إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا

Раббӣ ло тазар алал арзи минал кофирина дайёро иннака ин тазарҳум юзиллу ибодака ва лам ялиду илло фоҷиран каффоро

Парвардигоро! Аз ин кофирон ҳеҷ касе бар замин боқӣ нагузор, зеро агар ононро боқӣ гузорӣ бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз гунаҳкор ва куфрпеша намезоянд.

Чунин Нуҳ гуфто ба Яздони пок

Худоё ту ин қавм мекун ҳалок

Аз ин кофирони бадандешу хор

Яке зинда магзор эй Кирдигор

Агар боз аз он кофирони лаин

Яке зинда монад ба рӯи замин

Ҳама бандагони туро он палид

Ба зиллат кашонад ба роҳи баид

Ҳар он тифл к-ояд аз эшон ба бор

Набошад магар кофири тиракор

Нуктаҳо

1. Ба ҳазрати Нуҳ(а) ваҳй шуд ки аз қавмат ба ғайр аз афроде ки имон овардаанд дигар касе имон намеорад. Илова бар ин таҷрубаи 950 сол таблиғи ҳазрати Нуҳ барои шинохтани мардум кофӣ аст ки бидонем ин насл ва ҳатто насли баъдӣ қобили ҳидоят нестанд.

2. Мардони Худо дар фикри худ нестанд, балки ба фикри ҳидояти наслҳои имрӯза ва фардо ҳастанд. Бо вуҷуди инки ҳазрати Нуҳ носаз шунид ва шиканҷаҳо дид вале далели нафрини худро гумроҳ будан ва гумроҳ кардани қавмаш баён кард

Паёмҳо

1. Истифода аз нафрин дар охирин марҳала раво аст.

رَّبِّ لَا تَذَر ... دَيَّارًا

2. Саломати фикрии ҷомеа аз саломати ҷисмии он муҳимтар аст. Касоне ки мардумро гумроҳ мекунанд ҳалок шаванд беҳтар аст لَا تَذَرْ عَلَى الْأَرْضِ... يُضِلُّوا عِبَادَكَ .

3. Бо афрод ва авомили гумроҳкунанда бояд бархурди ҷиддӣ ва қотеъ анҷом шавад. إِن تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا عِبَادَكَ

4. Варосат дар тарбият нақши муҳим дорад. وَلَا يَلِدُوا إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا

5. Инсон метавонад ба ҷое расад ки дар ақида ва амал роҳе барои бозгашт боқӣ намонад. فَاجِرًا Дар амал, كَفَّارًا дар ақида.


بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيْتِيَ مُؤْمِنًا وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا تَبَارًا

Раббиғфир лӣ ва ливолидайя ва лиман дахала байтия мӯъминан ва лилмӯъминина вал мӯъминоти ва ло тазидиз золимина илло таборо

Парвардигоро! Ман ва падару модарам ва ҳар касе, ки боимон ба хонаам дарояд ва ҳамаи мардону занони боимонро биёмурз ва золимонро ҷуз ҳалокат маяфзо.

Пас онгоҳ бикшуд дасти дуо

Худоё биёмурз ҷурму хато

Гуноҳи ману волидайнам тамом

Ҳамин гуна ҳам ҷумла мӯъминмаром

Ҳар он кас нишинад ба киштии ман

Ҳама мӯъминонро зи марду зи зан

Худоё биёмурз аз эшон гуноҳ

Ки бахшандаӣ эй ягона илоҳ

Бар афроди золим ба ғайри азоб

Маяфзой чизи дигар дар ҳисоб

Нуктаҳо

Чашмандози дуо бояд густарда бошад. Ҳам гузашта ва ҳол, ҳам худ ва хешу табор ва тамоми мӯъминони таърихро шомил шавад.

Паёмҳо

1. Дар дуо ва нафрин аз калимаи мубораки “Рабб” кӯмак бигирем. رَّبِّ لَا تَذَر ... رَبِّ اغْفِرْ لِي

2. Анбиё(а) бо он ҳама талош мағрур намешуданд. Паёмбаре, ки мегуфт: إِنِّي دَعَوْتُ قَوْمي‏ لَيْلاً وَ نَهار (Шабонарӯз барои таблиғи паёми Илоҳӣ талош кардам) мегӯяд Худоё маро бибахш. رَبِّ اغْفِرْ لِي

3. Дар омурзишхоҳӣ аз Худованд муқаддам доштани худ бар дигарон кори писандидае аст. ... اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ

4. Хешу табори сабабӣ ва насабӣ, замоне машмули иноят ҳастанд, ки вобастаи фикрӣ низ бошанд. وَلِمَن دَخَلَ بَيْتِيَ مُؤْمِنًا

5. Дар дуо барои мӯъминон, мағфират ва барои золимон, нобудӣ ва ҳалокат талаб кунед. وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا تَبَارًا... َلِلْمُؤْمِنِينَ... رَبِّ اغْفِرْ

НУРИ ТОҶИКОН



Ҳуд(11) 45

Ҳуд(11) 47

Мӯъминун(23) 26

Мӯъминун(23) 29

Шуаро(26) 117 ва 118

Нуҳ (71) 26-27

Нуҳ (71) 28

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти