Please update your Flash Player to view content.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Рамазон, моҳи резишҳо ва рӯйишҳо

    Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худо ва моҳи бандагӣ аст, инсон дар он ба меҳмонии Худо даъват шудааст, ҳар лаҳзааш боарзиштарин лаҳзаҳо ва муҳимтарин фурсатҳо аст. Инсон бо истифода аз фурсатҳои шабу рӯзҳои Рамазон метавонад боиси рӯйиш ва рушди камолоти ахлоқӣ, маънавӣ ва инсонӣ шавад. Моҳи резишҳо ва рӯйишҳо аст. Дар ин моҳ инсон бояд резиш дошта бошад; бо тавба ва истиғфор дар назди Худованд, палидиҳои фикрӣ, рӯҳӣ равонӣ, ваҳмӣ ва хиёлӣ ва ҳавоҳои нафсониро аз худ дур кунад. Дарҳои раҳмат ва мағфират боз аст, то инсон бо кушишу талош ба сӯи Худованди Мутаол бозгардад, дар муқобил дарҳо ва роҳҳои инҳироф ва нуфузи шайтон дар синаҳо ва афкор баста мебошад.

Рамазон баҳор аст, чун фасли рӯйиш аст, тирамоҳ аст, чун фасли резиши гуноҳон аст, ин моҳ таъйинкунандаи як сол ва шояд ҳам тамоми умри инсон бошад, тақдир дар ин моҳ навишта мешавад.

Бо ин муқадима ба суроғи баҳси худ меравем ва рӯйиш ва резишро дар ду бахш баҳс мекунем, рӯйишҳои инсонӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, басиратӣ, маънавӣ ва... резишҳои гуноҳон, бадиҳо, кинаҳо ва ҳасодатҳои шаҳвонӣ ва ... аз вуҷуди инсон аст.

Бахши аввал резишҳо ва рӯйишҳо

    Резишҳо ва рӯйишҳо дар имтиҳон ва сахтиҳо маълум мешавад, то равшан шавад чи касе рӯйиш доштааст, иддио кифоят намекунад, инсон бояд озмуда шавад, то мушахас шавад, ки чиқадар дар сахтиҳо ва душвориҳо таҳаммул дорад. Моҳи Рамазон барои инсон имтиҳон аст, ӯ даъват шудааст, ки рӯйиш ва резиш дошта бошад. Вале ин иттифоқ намеафтад, магар замоне ки инсон бифаҳмад ва дарки дуруст аз ин моҳ дошта бошад.

  Рамазон баҳори рӯйиш аст, рӯйиш замоне аст, ки инсон мутаваҷҷеҳ бошад, ки Худо даъваташ кардааст, «قَدْ دُعيتُمْ الى‏ ضِيافَةِ اللَّه» "ҳамоно шумо даъват шудаед ба меҳмонӣ ва зиёфати Худованд "(Хутбаи Расули Худо (с).

  Фурсате аст, ки Худованд иноят Худро ба ҳади аъло расонида аст, инсонро бо муҳаббат даъват карда ва садо мезанад ва мо ҳам мешунавем садои мунодиро, ки нидо ва садо мезанад:

«رَبَّنا إِنَّنا سَمِعْنا مُنادِياً يُنادي لِلْإيمانِ أَنْ آمِنُوا بِرَبِّكُمْ فَآمَنَّا رَبَّنا فَاغْفِرْ لَنا ذُنُوبَنا وَ كَفِّرْ عَنَّا سَيِّئاتِنا وَ تَوَفَّنا مَعَ الْأَبْرارِ»

"Парвардигори мо! Ба ростӣ, мо нидокунандаеро шунидем, ки ба имон даъват мекард, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Пас, имон овардем. Парвардигори мо! Пас, гуноҳони моро барои мо биомурз ва бадиҳоямонро аз мо бипӯшон ва моро бо некон бимирон."(Сураи Оли Имрон, ояти 193).

Ин оят баҳси рӯйиш ва рушди инсонро аз Худованд дархост мекунад ва ҳамчунин резиши гуноҳон ва бадиҳоро.

  Худованд мунтазир аст, то инсон даъватро иҷобат кунад ва бипазирад, то рӯйиш ва рушд кунанд, ҳаёти инсониро ва инсониятро аз Худованд дарёфт кунанд, ки дар муқобили ҳаёти ҳайвонӣ ва паст аст:

«يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَ لِلرَّسُولِ إِذا دَعاكُمْ لِما يُحْيِيكُم...»

"Эй касоне, ки имон овардаед! [Даъвати] Худо ва Паёмбарро бипазиред, ҳангоме, ки шуморо ба сӯи чизе даъват мекунад, ки ба шумо ҳаёт мебахшад;"(Анфол,24).

  Ин даъват барои зинда кардан аст, тамоми шароит барои эҳёи ҳақиқӣ ва маънавии инсон омода аст. Қарор аст тамоми ризқу рӯзии як сола ва шояд ҳам тамоми умри инсон дар ин моҳ дода шавад, бечора касест, ки дар тобистон ба фикри замисони худ набошад. Дар фасли ҷамъоварӣ, ҳеҷ чизе ба даст наёварда бошад, ҳар балое, ки ба сараш дар замистон биояд худашро маломат кунад ва муқассир бидонад, Худованд ҳам барои инсон ин моҳро фасли бардошт қарор додааст, бояд инсон тавоно бошад ва аз Худо чизе бихоҳад, ки муфиду судманд бошад.

Моҳи Рамазон фасли бардошт аст, на моҳҳои дигар, ҳамон тавре, ки борон ҳамеша намеборад ва фасли хосси худро дорад. Инсон бояд дар фасли боронӣ бикорад, то заминаи рӯйиш ва рушд фароҳам шавад. Агар ҳамаи тӯли сол боронӣ бошад, чизе рӯйиш намекунад, моҳи Рамазон ҳам чунин аст, фасли рӯйиши инсон аст, то дар моҳҳои дигар масраф ва харҷ кунад.

Резиши пай дар пайи гуноҳон ва рӯйиши бепоёни фазли илоҳӣ барои пок кардани олудагиҳои дилҳо ва устувор кардани қадамҳо дар масири ҳақ аст.

«...وَ يُنَزِّلُ عَلَيكُم من السماء ماءً لِيُطهِّركُم به و يُذهبَ عنكُم رِجْزَ الشيطانِ و ليربطَ على قلوبِكُم و يُثبِّتَ‏ به‏ الاقدام‏»

"Ва аз осмон обе бар шумо мефиристод, то шуморо бо он пок созад ва олудагии шайтонро аз шумо дур кунад ва то дилҳоятонро устувор созад; ва қадамҳоро бо он собит гардонид."(Анфол,11).

    Муҳимтарини иҷобатҳо ва рӯзиҳо ҳам зинда шудан аст, зинда шудане, ки дар он инсон маънои зиндагиро мефаҳмад ва худро мешиносад. Худованди Мутаол мунтазир аст, ки посух диҳад. Аз Ӯ дархост ва талаб кунед, то ҷавоб диҳад. Дарҳои иҷобат боз аст. Инсон бояд зирак бошад ва ҳарчи мехоҳад аз Худо дархост кунад.

Дар дуоҳо омадааст, ҳазрати Зайнулобидин (рз) чунин дуо мекард:

«أَللَّهُمَّ اجُرْنا عَلى‏ ما أَصابَنا فيهِ مِنَ التَّفْريطِ»

"Худоё! Ту ҳатто бар кутоҳиҳои мо ҳам подош бидеҳ."

    Ин дигар авҷи дархост аст, вақте Худованд нисбат ба бандагонаш ки Ӯро мехонанд ва ба даргоҳаш дасти ниёз баланд мекунанд фармудааст:

«وَ اذا سَأَلَكَ‏ عِبادِى‏ عَنّى فَانِّى قَريبٌ أُجيبُ دَعْوَةَ الدّاعِ اذا دَعانِ فَلْيَسْتَجِيبُواْ لِى وَ لْيُؤْمِنُواْ بِى لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ»

"Ва ҳангоме, ки бандагонам аз ту дар бораи Ман бипурсанд, пас, [бигӯ:] ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандаро –он гоҳ ки [Маро] бихонад– иҷобат мекунам; пас, бояд даъвати Маро бипазиранд ва ба Ман имон биёваранд, бошад, ки онҳо роҳ ёбанд [ба мақсад бирасанд]."(Бақара,186).

    Худои Мутаол мунтазир аст садо зада шавад, то дуои бандагонро иҷобат кунад, ба умеди ин ки инсон рӯйиш ва рушд пайдо кунад ва ба растагорӣ бирасад. Аммо гоҳе инсон дар талаби ғайри Худо аст, ба ғайри Ӯ таваҷҷӯҳ дорад, ки дар ҳақиқат ҷуз зиён ва хусрон чизе насибаш намешавад. Чун кар аст, кур аст, лол аст, на мешунавад ва на мебинад ва ончиро ки шунидааст, аз забони мунодӣ, ки нидо медиҳад аз баракоти ин моҳ ношунида мегирад, лизо чизе ҳосилаш намешавад, бояд дар ин матолиб тааммул кард, ки чаро инсон чунин мешавад?

Дар идома баҳс мешавад. Пайванди баҳс бо ин матлаб, ки чаро инсон гоҳе вақтҳо дарк намекунад дар чӣ даъвате аст?

  Дар зиёфате ки даъваткунанда Худованди Мутаол аст, суфраи зиёфатро ҳам паҳн карадааст ва бо ҳар чи ки дар ин суфра аст, инсон аз он баҳраманд мешавад ва тановул мекунад, рӯйиш ва рушд пайдо мекунад. Гуноҳон ва бадиҳои инсон резиш мекунад, яъне эй инсон ту даъват ба меҳмонӣ шудаи, ки мизбонаш Худо аст, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ҳар мизбоне ба андозаи фаҳму тавон, вусъ ва кароматаш ризқу рӯзӣ медиҳад, ба андозаи тавонаш дар суфра таом мегузорад. Шахси хирадманд таваққуъ надорад, ки дар хонаи фақир барои ӯ беҳтарин ғизоҳоро таҳия кунанд, ҳарчи оварданд ҳамонро мехӯрад. Вале вақте даъваткунанда Худованди Мутаол аст, таваққуъ ҳам боло меравад, на танҳо рӯзии бадан ва ҷисмро мехоҳад, балки рӯзии тамоми вуҷуди худро дархост мекунад. Рӯзӣ танҳо пур кардани шикам нест, гоҳе инсон дар ҳоле ки гурусна аст, рӯзӣ дода мешавад, ҳамонанди моҳи Рамазон.

  Қарор аст дар ин меҳмонӣ рӯйиш ва рушд дошта бошем. Мо меҳмони касе ҳастем, ки мизбон аз тамоми нақсу камбудиҳои мо огоҳ аст, ба тамоми абъоди вуҷуди мо огоҳи дорад ва аз тарафи дигар мизбон ҳеҷ нақсу камбуд надорад ва қодири мутлақ ва тавони бемонанд аст. Бемаърифатӣ аст, ки мизбон аз ниёзи меҳмони худ огоҳ бошад, аммо онро бароварда накунад. Вақте даъват ба меҳмонӣ кардааст, мехоҳад ризқ бидиҳад. Инсон набояд кӯтоҳӣ кунад ва аз ин меҳмонӣ чизе насибаш нашавад, ҷуз як косаи шурбо. Мизбон барои тамоми вуҷуди мо ғизо ва ризқ омода ва муҳаё кардааст, ризқи моддӣ, маънавӣ, ризқи қалб, фикр, рӯҳ ва ... инсон бояд дархости дуруст кунад. Ҳазрати Зайнулобидин (рз) аз Худо дархости аҷру подош бар аъмоле, ки анҷом додааст намекунад, балки аз Худо барои кӯтоҳиҳои худ аҷр металабад. Инҳо ҳастанд улгӯҳои аҳли моҳи Рамазон ва даъватшудагон ба меҳмонии Худо.

Ризқи тани мо ин аст, ки саломатӣ ва тандурустиро аз ин меҳмонӣ бигирад ва маризиро аз худ дур кунад, ҳамон тавре ки имрӯза пизишкон барои солим мондан, ба рӯза гирифтан тавсия мекунанд.

Ризқи ақл он аст, ки ба нуре бирасад, ки равшанӣ пайдо кунад ва рӯшангарӣ кунад, зулматҳои ба вуҷуд омадаро бишканад, башари хобидаро аз хоби ғафлат бедор кунад.

Ризқи рӯҳи инсон он аст, ки ба оромиш ва итминони хотир бирасад ва сафо пайдо кунад, қурби илоҳӣ дошта бошад, аз палидиҳо пок шавад, чунин чизе шудани нест, магар бо ёди Худо ва истифода аз рӯзҳо ва шабҳои моҳи мубораки Рамазон.

«الَّذِينَ آمَنُوا وَ تَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوب»

"Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад; огоҳ бошед! Фақат бо ёди Худо дилҳо ором мегирад."(Раъд,28).

Фикри мо ба ризқи худ, ки маърифат ва огоҳӣ аст бирасад ва аз ин меҳмонӣ рӯзияшро ба даст оварад.

Ризқи чашм ин аст, ки биниши дуруст пайдо кунад, то дар муқобили шайтон ва коргузоронаш битавонад муқовимат дошта бошад, фиреби шайтонро нахӯрад.

          Синаи инсон вусъат пайдо кунад ва бузург шавад, то кинаҳо ва кудуратҳоро берун бирезад ва ба ҷой он раҳмату дӯстӣ ва муҳаббатро   дар худ ҷой диҳад.

«نَزَعنا ما فى صُدُورهم‏ من‏ غلٍ‏...»

"Ва он чи аз кина дар дилҳояшон аст, барканем; "(Ҳиҷр,47).

Яъне занҷирҳо ва бандҳои, кина аз дасту пояшон канда мешавад, албатта иноят дар баҳси биҳишт аст, аммо бояд гуфт биҳиштро барои инсон ҳамин моҳ месозад.

  Дар моҳи мубораки Рамазон резишҳо ва рӯйишҳо ба суроғи инсон меояд, ҳамонанди фасли баҳор боиси рӯйиши гулҳо мешавад. Зебоӣ, ҳусн ва арзишҳои ахолқӣ, маънавӣ, рӯҳӣ дар инсон рушд мекунад. Тирамоҳ, чизҳои изофа аз инсон ҷудо мешавад, гуноҳ, кина, ҳасад, душманӣ ва ... аз вуҷуди инсон мерезад, ҳамонанди барги дарахтоне, ки агар нарезанд дарахт дар замистон бо омадани барф ва сангин шудани он мешикананд. Гуноҳ ҳам чунин аст, инсонро мешиканад, бояд дар ин моҳ резиш кунад, набояд гузошт бар вуҷуди мо сангинӣ кунад. Моҳи Рамазон фасли баҳор ва тирамоҳро бо ҳам дорад, фасли кишт ва бардошт бо ҳам аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти