Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 31 сураи муборакаи Нур мефармояд:
وَقُل لِّلْمُؤْمِنَتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَرِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَ لَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى‏ جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ ءَابَآئِهِنَّ أَوْ ءَابَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَآئِهِنَّ أَوْ أَبْنَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَنِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَنِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَتِهِنَّ أَوْ نِسَآئِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَنُهُنَّ أَوِ التَّبِعِينَ غَيْرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ‏يَظْهَرُواْ عَلَى‏ عَوْرَتِ النِّسَآءِ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُواْ إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ‏
Ва (эй фиристодаи мо) ба занони боимон бигӯ: Аз баъзе нигоҳ‏ҳои худ чашм‏пӯшӣ кунанд ва доман‏ҳои худро ҳифз намоянд ва ҷуз ончи (ба таври табиӣ) зоҳир аст, зинат‏ҳои худро ошкор накунанд ва бояд рӯймоли худро бар гардани худ бияфкананд (то илова бар сар, гардан ва синаи онон низ пӯшида бошад) ва зинати худро зоҳир накунанд ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ, ё писар худ ё писари шавҳари худ (ки аз ҳамсари дигар аст) ё бародари худ, ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занон (-и ҳам‏кеши худ) ё ончиро молик шудаанд (аз каниз ва барда) ё мардони хидматкороне, ки тамоюли ҷинсӣ надоранд ё кӯдаконе, ки бар масоили ҷинсии занон огоҳ нестанд. Ва низ пои худро ба гунае ба замин накӯбанд, ки ончи аз зевар махфӣ доранд ошкор шавад. Эй мӯъминон, ҳамагӣ ба сӯи Худо бозгардед ва ба даргоҳи Худо тавба кунед то растгор шавед.
Биёмӯзем
11. Пеши муқаддимаи гуноҳ бояд гирифта шавад.
12. Сар, сина ва гардан ва бадани занон бояд пӯшонда бошанд.
13. Зани мӯъмин набояд зинатҳои худро ошкор кунад.
14. Ҷилва‏гарии занон дар ҷомеа манъ аст.
15. Зоҳир будани қисмат‏ҳое аз бадан, ки ба таври табиӣ пайдост –чеҳра ва даст- манъ надорад.
16. Дар ин оя дар миёни анвоъи пӯшиш‏ҳо номи мақнаа ва рӯймол омада ва ин далел бар аҳамияти пӯшиши сар ва гардану сина аст.
17. Дар қонунгузорӣ бояд ба зарурат‏ҳо, воқеият‏ҳо ва ниёзҳо диққат шавад. (Агар пӯшондани чеҳра ва даст‏ҳо то банд, воҷиб ме‏шуд, барои умуми занон мушкил буд)
18. Ислом ба ниёзҳои ғаризии инсон посухи мусбат ме‏диҳад.
19. Пӯшидани ҳар гуна кафш ва либосе, ки ҳангоми роҳ ‏рафтан сабаби ошкор шудани зевар ва зебои‏ҳои зан шавад, ҷоиз нест.
20. Ҷомае ба оромиш ва амнияти равонӣ ва номусӣ дорад. Бино бар ин бояд дунболи фарҳанги пӯшидагӣ ва риояти ҳудуд ва ҳифзи номус, шахсият ва арзиши зан буд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти