Худои Мутаол дар ояти 27 сураи Ҳаҷ мефармояд:
وَأَذِّن فِى النَّاسِ بِالْحَجِّ یَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى‏ كُلِّ ضَامِرٍ یَأْتِینَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِیقٍ
Ва дар миёни мардум бонги ҳаҷ баровар то онон пиёда ва савор бар маркаб‏ҳои чобук аз ҳар роҳи дӯре ба сӯроғи ту биёянд.
Биёмӯзем
1. Ҳазрати Иброҳим (а) вазифадор шуд, ки мардумро ба ҳаҷ даъват кунад.
2. Ҳазрати Иброҳим имоми инсонҳо аст. Инсонҳо бояд ба суроғи имом бираванд. Ҳаҷ барои тоза кардани байъат бо имоме аст, ки аз тарафи Худо таъин шудааст.
3. Фарёди имрӯзи авлиёи Худо дар ояндагон асар хоҳад кард. Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а), ки дар биёбони бе обу алаф ва бе одами Макка дастур медиҳад, ки мардумро ба ҳаҷ даъват кун.
4. Инсон бояд ба вазифаи худ амал кунад натиҷа дар дасти Худост!
5. Анбиё дар амри маъруфҳо пешқадам ҳастанд.
6. Ҳаҷ рафтан ба маҳзари авлиёи Худо расидан аст. Дар маросими ҳаҷ меҳвар раҳбари илоҳӣ аст.
7. Худованд аз ғайб ва оянда‏и таърих хабар медиҳад.
8. Агар инсон барои анҷоми коре вазифадор шуд, бояд заминаҳои онро фароҳам кунад.
9. Пиёда рафтан ба ҳаҷ бартар аз савора аст. Пиёда рафтан пеш аз савора омадааст.
10. Ҳаҷ танҳо мақсаде аст, ки ҳамеша ва аз ҳамаи манотиқи ҷаҳон мусофир дорад.
Худоё, ба ҳамаи мусулмонон тавфиқи анҷоми ҳаҷ ато кун ва дуои хайри ҳоҷиёнро дар ҳаққи мусулмонон қабул намо!
Худоё, касонеро, ки барои баргузории ҳаҷҷи Иброҳимӣ ва безорӣ ҷустан аз кофирону мушрикону мунофиқон талош мекунанд тавфиқи бештар иноят кун ва душманони ҳаққу ҳидоятро нобуд кун!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст