Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 116 сураи Ҳуд мефармояд:
فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُوْلُواْ بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِى الْأَرْضِ إِلَّا قَلِيلاً مِّمَّنْ أَنْجَيْنَا مِنْهُمْ وَاتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُواْ مَآ أُتْرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجْرِمِينَ‏
Пас чаро дар қарнҳои пеш аз шумо, соҳибони илму қудрате набуданд то мардумро аз фасод дар замин боз доранд, магар гурӯҳи каме аз касоне, ки аз миёни онон наҷоташон додем, ва ситамгарон дунбола‏рав ва дилбастаи мол ва мақоме шуданд, ки дар он масту саркаш шуда буданд ва онон мардуми гуноҳкор буданд.
Биёмӯзем
1. Дар ин оят Худованд аз олимон, соҳибони минбару таъсиргузори бетафовут танқид кардааст, ки чаро барои ислоҳи ҷомеа фарёд намезанед.
2. Бештарин масъулият дар наҳй аз мункар бар ӯҳдаи олимон ва соҳибону қудрату минбар аст.
3. Дар ҳар ҷомеае инсонҳои инқилобӣ ва бедору бедоргар ва муслиҳу дилсӯз кам, вале арзишманд ҳастанд.
4. Натиҷаи ислоҳгарӣ ва мубориза бо гуноҳу нофармонӣ аз Худо наҷот аз қаҳру азоби Худост.
5. Зулм, айёшиву гуноҳ ва фароҳам кардани шароити гуноҳкорӣ ва гумроҳӣ секунҷаи шум ва боиси бадбахтии ҷомеа аст. Пас бо ин гуна афрод бояд мубориза кард.
6. Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ҷонишини Худо нестанд. Ин фикр, ки подшоҳ сояи Худо бар рӯи замин аст дар сурате аст, ки бандаи Худо ва муслиҳ бошад на фосиду муфсид.
7. Мӯъминон бояд илму қудрат пайдо кунанд ва пеши роҳи фасод ва фасодгаронро бигиранд, вагарна узр надоранд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти