Шарҳи кӯтоҳи дуои рӯзи ҳаждаҳуми моҳи мубораки Рамазон
بسم الله الرحمن الرحیم
اللّهمّ نَبّهْنی فیهِ لِبَرَکاتِ أسْحارِهِ
Худоё, дар ин рӯз маро аз баракатҳои саҳарҳояш огоҳ намо
ونوّرْ فیهِ قلبی بِضِیاءِ أنْوارِهِ
ва дар ин рӯз диламро бо зиёи анвораш равшан кун
وخُذْ بِکُلّ أعْضائی إلی اتّباعِ آثارِهِ
ва ҳамаи аъзоямро ба пайравии осораш ба кор гир
بِنورِکَ یا مُنَوّرَ قُلوبِ العارفین
ба нури худат, эй равшанибахши дилҳои ҳақшиносон!
Худоё, маро аз баракати саҳарҳои моҳи Рамазон огоҳ кун то аз он истифода кунам. Бештари мардум аз баракати саҳарӣ махсусан саҳарҳои моҳи шарифи Рамазон истифода намекунанд. Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:
Он ганҷи худодод, ки Худо дод ба Ҳофиз
Аз вирди шабу рӯзу дуои саҳарӣ буд
Аз Худои Мутаол мехоҳем, ки моро дар саҳарҳои ин моҳи шариф бо хондани Қуръони Карим, зикру дуо ва ниёишу барпоии намоз аз хоби ғафлат бедор созад то битавонем аз файзу баракати он баҳраманд гардем. Ҳатто агар ба далели шаръӣ рӯза ҳам намегирем саъй кунем, ки ҳангоми саҳар бедор шуда дуо кунем ва аз баракоти саҳар баҳра барем.
Дуо кунем, ки Худоё, ҳангоми ҷон додан лол намирем, балки шаҳодатайнро бар забон биёрем ва бо имону ҳидоят ва оқибатбахайрӣ аз дунё биравем.
Дар ин ҷо ин саволе пеш меояд: Чаро аз Худованд ин дархостро намоем?
Чун инсон мумкин аст аз ибодату итоати Илоҳӣ дар вақти саҳарҳо маҳрум гардад ё файзу баракати саҳарро надонад бино бар ин аз Худованд мехоҳем, ки моро ёрӣ диҳад то аз хоби ғафлат бедор гашта битавонем аз саҳарҳои ин моҳи пурбаракат истифодаи комил барем. Шояд саҳарҳои ин моҳ дарвозаи ворид шудан ба файзе шавад, ки дар моҳҳои дигар ҳам давом ёбад. Саҳар нисбат ба дигар вақти шабонарӯз фазилату бартарии хоссе дорад, ки мутаассифона аксари инсонҳо дар хоби ғафлати худ фурӯ мераванд ва каме ба ибодату итоати Худованд мепардозанд. Мо низ аз Худо дар ин рӯз хосторем, ки моро аз хоби ғафлат бедор сохта машмули лутфаш қарор диҳад: ”(Парҳезкорон) собирон, ростгӯён, фармонбардорон, инфоқкунандагон ва истиғфоркунандагон дар саҳаргоҳонанд” (Сураи Оли Имрон, ояти 17/саҳ. 52) ва битавонем ба дараҷа олии маънавӣ даст ёбем...
Дар ин рӯз қалбамро ба нурҳои саҳар нуронӣ кун!” Нури ҳидоят бар қалби инсон битобад ва ӯро аз зулматҳои ҷаҳлу нодонӣ ва дӯри аз Худованд наҷот бахшад ва аз вилояти Худо бархурдор созад. Худованд валӣ ва сарпарасти касоне аст, ки имон овардаанд онҳоро аз торикиҳои ҷаҳолат ба сӯи нуру ҳидоят берун мебарад. (Сураи Бақара, ояти 257/ саҳ. 43) Дилҳои мо дар асари лағзишҳо ва гуноҳон занг зада чашму гӯши мо олуда шудааст, аз ин рӯ бо шавқ ибодат намекунем. Дар моҳи Рамазон аз Худо бихоҳем то қалбамонро нуронӣ кунад.
Аз Худо мехоҳем, ки тамоми аъзо ва ҷавориҳи моро дар ихтиёри худ гирад то ин ки ба анҷоми аъмоли ин рӯз машғул гардида аз осору баракот он баҳраманд гардем.
Худоё, коре кун то тамоми аъзои ман аз осори ту пайравӣ кунад. Дар дуо ҳар ду дастатонро баланд кунед ва ҳарчи метавонед дастони худро баланд кунед. Дар ин ҳолат Худо зудтар ҳоҷат раво мекунад.
Бо таваккул бар Худои пок мехоҳем ба некӯтарин савобҳо дар ин рӯз муваффақ шавме чун Худои Мутаол ҳамаи ошкору ниҳон ва амалҳои моро медонад. (Сураи Аннъом, ояти 3/саҳ.128)
Ӯ медонад, ки чигуна бандагони хешро роҳнамоӣ ва ба нур ҳидоят мунаввар намояд. Расули Худо (с) фармуд: Иблис барои ҳар инсоне шайтонеро гуморидааст то ӯро бифиребад ва яке аз ононро бар ман гуморидааст, аммо Худо маро ёрӣ намуда пас аз ӯ дар амон ҳастам”.
Дар ин рӯз аз Худо ба ҳаққи нуру ҷамолаш хосторем, ки моро аз шарри шаётини ҷинӣ ва инсӣ наҷот дода аз осору баракоти ин рӯз баҳраманд созад.
Худоё, бипазир! Илтимоси дуо.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст