Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 185 сураи Бақара мефармояд:
شَهْرُ رَمَضَانَ اَلَّذِى أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ هُدىً لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَتٍ مِنَ الْهُدَى‏ وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمْ الْشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيْضاً أَوْ عَلَى‏ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلاَ يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُواْ الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُواْ اللَّهَ عَلَى‏ مَا هَدَيكُمْ وَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ‏
(Рӯза дар) моҳи Рамазон аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки ҳидоятгари мардум бо далелҳои равшани ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.
Пас ҳар кас аз шумо, ки ин моҳро дарёбад, бояд рӯза бигирад. Ва он кас, ки бемор ё дар сафар бошад, рӯзҳои дигареро ба ҳамон теъдод (рӯзаи қазо бигирад).
Худованд барои шумо осонӣ ме‏хоҳад ва барои шумо душворӣ намехоҳад. (Қазои рӯза) барои он аст, ки теъдоди муайяни рӯзҳоро комил кунед ва аз Худо ба хотири ин ки шуморо ҳидоят кардааст ба бузургӣ ёд кунед. Умед аст, ки шукргузор гардед.
Биёмӯзем
1. Арзиши моҳи Рамазон ба нузули Қуръони Карим аст. Арзиши инсон‏ низ ме‏тавонад ба миқдоре бошад, ки Қуръон дар ӯ нуфуз карда бошад ва ба он амал кунад
2. Ҳидоят марҳилаи умумӣ ва хос дорад.
3. Воҷиб шудани рӯза баъд аз яқин кардан ба даромадани моҳи Рамазон аст.
4. Қазои рӯза бар бемор ва мусофир фарз аст.
5. Рӯзаи қазоӣ замони хоссе надорад.
6. Аҳкоми Худованд бар асоси осонӣ ва мувофиқи тоқати инсон аст. Пас баҳона наёрем, ки наметавонем, чун Худои донои меҳрубон, ки аз тоқати мо бохабар аст ва намехоҳад моро ба сахтӣ бияндозад рӯзаро воҷиб кардааст.
7. Рӯзаи қазо бояд ба теъдоди рӯзҳое бошад, ки узр дошта ва рӯзаро ба хотири узр хӯрдааст. Адади 29-30 муҳим аст ва бояд комил шавад.
8. Ҳидоят ва тавфиқи анҷоми ибодат аз тарафи Худост. Худоро бояд барои ин роҳнамоӣ ва ҳидоят бузург дошт ва такбир гуфт. Аллоҳу акбар, ки мо тавфиқи рӯза ва меҳмонии Худо пайдо кардем.
9. Рӯза заминасози ҳидояти инсон ва сипосгузории ӯст. Инсони рӯзадор ба хеле аз неъматҳо огоҳ мешавад ва Худои меҳрубонро барои ин неъматҳо шукр мекунад. Яке аз ин неъматҳои муҳими ин моҳ аз баён рафтани ғафлат ва пайдо шудани огоҳӣ нисбат ба тоқати худамон аст. Худоё, шукрат, ки маро бо рӯза огоҳ кардӣ, ки чӣ қадар нотавонам. Ман, ки тоқати чанд соат нахӯрдану наёшомидан ва дурӣ ва контроли шаҳват ва ҳарорати дунёро надорам, чигуна бар инҳо дар сарои охират ва оташи фурӯзони дӯзах сабру тоқат мекунам. Пас бедор ва огоҳ шудам, ки бояд ба фикри он рӯз буд ва имрӯз бо кӯмак ба ниёзмандон ва дуову тиловати Қуръони Карим ва пайравии шоиста аз Расули Акрам (с) ва бандагии ту худро аз маҳурмияти он рӯз наҷот диҳам.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти