Ба номи Худо
Моҳи меҳмонии Худо фаро мерасад, эй мӯъминони азиз!
Биёед бо вазифаи худ ва ин моҳи меҳмонӣ ва нуронӣ ошно шавем!
Ба номи Худо Алҳамду лиллоҳи раббилоламин ва дуруду саломи Худованд бар анбиё ва махсусан хотами онҳо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку мутаҳҳараш ва ёрони ростину муҷоҳиду мухлисаш ва ҳамаи касоне, ки аз онон ба некӯӣ пайравӣ мекунанд.
Бародар ва хоҳари мӯъмин ва муҳтарам, салом!
Яке аз ин панҷ сутуни бобаракати дини мубини Ислом рӯзаи моҳи Рамазон аст, ки мусулмонон тавфиқ доранд ҳар сол як моҳ рӯза бигиранд. Имсол ҳам ин шоа Аллоҳ дар охирҳои моҳи май ин фурсати бандагӣ ва моҳи меҳмонии Худо насиби мусулмонон хоҳад шуд. Умедворем тавфиқи бандагӣ дар ин моҳи пурбаракат дошта бошем.
Худои Мутаол рӯзаро дар Қуръони Маҷид бар мӯъминон фарз намудааст. Дар ояти 183 сураи муборакаи Бақара мефармояд: يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо воҷиб шуд, ҳамонгуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд воҷиб шуд, умед аст, ки парҳезгор шавед.
Дар қисмати аввал ва дувум ва севум дар бораи يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ ва كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ ва كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ тавзеҳоте баён шуд. Дар ин қисмат ба баёни لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون мепардозем. Худои Мутаол баъд аз ин ки мӯъминонро зебо садо зад ва далели хитобро ҳам имон эълом кард маълум шуд, ки мехоҳад вазифаи мӯъминонро ба онҳо бигӯяд. Мӯъминон ҳам огоҳона ва ошиқона омодаи шунидан ва фаҳмидан ва амал кардан ба вазифаи худ шуданд, ки рӯза гирифтан аст. Рӯза худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва наздикӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ –азони бомдод- то ғуруби офтоб –азони шом- барои наздик шудан ба Худо аст. Ин кор сахтие ҳам дорад, чун 11 моҳ ҳеҷ қайду манъе барои ин корҳо набуд. Мӯъминон мехоҳанд бидонанд, ки ин ҳукм фақат барои онҳост. Худованд бо баёни ин ки рӯза барои касоне, ки пеш аз шумо буданд воҷиб шуда буд ба ин савол посух дода боварӣ дар онҳоро бештар намуд. Ҳол мӯъминон мехоҳанд бидонанд, ки асари рӯза чист ва ба фоидаи кист?
Дар давоми ояти шариф ба ин савол посух дода мешавад. لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون умед аст, ки шумо парҳезкор шавед.
1. Асари амалро баён кунед. (Расидан ба тақво)
2. Умедвор кунед на мағрур на маъюс (Лаалла-умед аст)
3. Фоидаи он барои худи шумост (худро аз азоби Худо ва оташи ҷаҳаннам ҳифз кунед)
4. Имон бояд бо амал ҳамроҳ бошад то бо тақво худро ба хушбахтӣ бирасонед (Эй мӯъминон-рӯза бигиред-парҳезкор шавед)
5. Рӯзагирӣ ва амал ба вазифаи имонӣ нишонаи тақво аст.(Эй мӯъминон-рӯза бигиред-парҳезкор шавед)
6. Рӯза роҳи расидан ба тақво ва тақво калиди қабулии аъмол аст. (Тақво)
7. Тақво ба амали доимӣ ниёз дорад. (Феъли музореъ)
Алҳамду лиллоҳ асар ва фоидаи рӯза ҳам бароямон маълум шуд. Мехоҳем бидонем, ки чанд рӯз бояд рӯза бигирем? Дар давоми ояти шариф ба ин савол посух дода мешавад.
2