Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 45 сураи Ҳуд мефармояд:
وَنَادَى‏ نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابْنِى مِنْ أَهْلِى وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَ أَنتَ أَحْكَمُ الْحَكِمِينَ
Пас Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: Парвардигоро, ҳамоно писарам аз хонадони ман аст ва албатта ваъда‏и ту (дар бора‏и наҷоти хонадонам,) ҳақ аст ва ту беҳтарин доварӣ.
Бидонем
Аз онҷо, ки Худованд бар наҷоти хонадони Нӯҳ ваъда дода буд, (мутобиқ ояти 40/Ҳуд) ва Нӯҳ гумон мекард танҳо ҳамсари ӯ маҳкум ба ҳалок аст, аз ин рӯ табиӣ буд, ки дар мавриди писараш, ҳам даъват ба савор шудан кунад ва ҳам аз Худованд наҷоти ӯро дархост намояд.
Биёмӯзем
1. Вазифаи банда дуо ва дархост аст.
2. Ҷойгоҳи Парвардигор бисёр баланд аст.
3. Саодату наҷот ва бадбахтиву ҳалокат ба дасти Парвардигор аст.
4. Хостаҳои худро ба забон биёред.
5. Падар ва раҳбар бар фикри аъзои хонавода ва уммат аст.
6. Ваъдаи Худо ҳақ ва анҷомшуданӣ аст.
7. Дар дуо ва сухан гуфтан бо Худо адабро риоят кунем. Ҳазрати Нӯҳ нагуфт: Худоё, тибқи ваъдае, ки додӣ, ки аҳли маро наҷот ме‏диҳӣ, бояд фарзандамро наҷот медодӣ, чаро наҷот надодӣ, балки гуфт: Ту беҳтарин доварӣ.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти