Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 44 сураи Ҳуд мефармояд:
وَقِيلَ يَأَرْضُ ابْلَعِى مَآءَكِ وَيَسَمَآءُ أَقْلِعِى وَغِيضَ الْمَآءُ وَ قُضِىَ الْأَمْرُ وَاسْتَوَتْ عَلَى الْجُودِىِّ وَقِيلَ بُعْداً لِّلْقَوْمِ الظَّلِمِينَ‏
Ва (баъд аз он ки тӯфон ва об ҳама ҷоро фаро гирифт) гуфта шуд: Эй замин, обатро фурӯ бар ва эй осмон, (аз боридан) биист! (Ба ин тартиб) об фурӯ нишаст ва кор (-у қаҳри Худо) поён пазируфт ва (киштӣ) бар (доманаи кӯҳи) Ҷӯдӣ паҳлу гирифт ва (дар ин ҳангом) гуфта шуд, ки (раҳмати Худо аз) қавми ‏ситамгар дӯр бод!
Бидонем
Ин оят аз расотарин ва балиғ‏тарин оёти Қуръон аст, ки аз асри Паёмбар то кунун сухан‏шиносон ва адибонро ба таҳсин ва тааҷҷуб водоштааст ва касоне, ки дар фикри мубориза бо Қуръон ва овардан каломе монанди он будаанд, вақте ба ин оят расидаанд аз кори худ даст кашиданд.
«Балъ» ба маънои фурӯ кашидан ва «иқлоъ» ба маънии нигаҳдорӣ ва «ғиз» ба маънии ҷазб шудан ва кам шудани об аст.
Мурод аз «Ҷудӣ» ё кӯҳ сахт аст ва ё исми кӯҳи хос, ки дар мавриди маҳалли он дар манотиқи зер ихтилоф аст: Ироқ, Шом, миёни Мавсел ва Алҷазира, Арабистон ва кӯҳе дар силсила ҷиболи Арарат дар Туркия.
Дар ривоят омадааст, ки киштии Нӯҳ шаш моҳ рӯи об буд ва сарзамини Макка ва Ҳиҷозро сайр кард то саранҷом ба фармони Худованд об фурӯ нишаст.
Биёмӯзем
1. Осмону замин ва ҳамаи ҳастӣ зери фармону тадбири Худост.
2. Бориши борон ва берун наёмадани об аз замин ҷуз ба он чӣ Худо хоста ҳама ба амри Худост. Пас барои берун рафтан аз хушксолӣ ё гирифториҳо ба Худо умед бандем ва бандаи ӯ бошем.
3. Низоми ҳастӣ ва осоишу амнияти рӯи замин ба амри Худост.
4. Фақат бандагони мӯъмини Худо аҳли наҷот ҳастанд.
5. Золимон аз раҳмати Худо дуранд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти