Яке аз корҳои муҳими мӯъмин зикри зиёди Худои Мутаол аст. Дар Қуръони Карим дар ояти 41 сураи Аҳзоб мехонем:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اذْكُرُواْ اللَّهَ ذِكْراً كَثِيراً
Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро зиёд ёд кунед!
Ин таъбир дар бораи намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот наёмадааст. Ҳар кас аз ёди Худо ғофил шавад ва рӯй гардонад зиндагӣ барои ӯ танг хоҳад шуд. Дар ояти 124 сураи Тоҳо омадааст:
وَ مَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِکْري فَإِنَّ لَهُ مَعيشَةً ضَنْکاً
Ва ҳар кас аз ёди ман рӯй гардонад пас ҳамоно барои ӯ зиндагии сахте хоҳад буд.
أن رسول الله سئل: أی العبادة افضل درجة عند الله تعالی یوم القیامة؟ قال: الذاکرون الله کثیرا.
Аз Расули Худо(с) пурсида шуд, ки дараҷаи кадом ибодат назди Худои Мутаол дар рӯзи қиёмат беҳтар аст? Ҳазрат фармуд: Касоне, ки зиёд Худоро ёд мекунанд. (ал-Футуҳот-ур-раббония ало-ал-азкор-ин-нававия, саҳ. 151)
Ҳазрати Абӯзари Ғифорӣ (рз) ба Расули Худо(с) гуфт: Эй Расули Худо, маро насиҳат кун!
Ҳазрати Расули Акрам(с) фармуд: Туро ба тақвои Худо, ки решаи ҳамаи корҳост ва тиловати Қуръон ва зикри зиёди Худо супориш мекунам. (Васоилушшиа, ҷ.15, саҳ. 289)
قَالَ: قُلْتُ يَا رَسُولَ اَللَّهِ أَوْصِنِي قَالَ أُوصِيكَ بِتَقْوَى اَللَّهِ فَإِنَّهُ رَأْسُ اَلْأَمْرِ كُلِّهِ قُلْتُ زِدْنِي قَالَ عَلَيْكَ بِتِلاَوَةِ اَلْقُرْآنِ وَ ذِكْرِ اَللَّهِ كَثِيراً
Яке аз дӯстон ва ёрони имом Содиқ(рз) номае, ки дар он бархе аз масоили мавриди ниёзи худро савол карда буд бо шахсе ба номи Абдулалӣ, ки озими Мадина буд хидмати он бузургвор фиристод ва дар зимн аз он ӯ хоста буд, ки ҳуқуқеро, ки мусулмон бар дигар мусулмонон дорад бипурсад.
Абдулалӣ ме‏гӯяд: Хидмати имом Содиқ(рз) шарафёб шудам ва номаро ба ҳазрат додам ва саволе, ки дар бораи ҳуқуқи бародарони динӣ доштам пурсидам, аммо бар хилофи интизор, имом Содиқ(рз) ба ҳама саволҳо ҷавоб дод ҷуз дар бораи ҳуқуқи бародари мусулмон бар бародари мусулмонаш.
Ҳангоме ки хостам аз Мадина биравам барои худоҳофизӣ ба маҳзари имом Содиқ(рз) шарафёб шудам ва арз кардам: Ба саволи ман посух надодед?
Ҳазрат фармуд: Метарсам ҳақиқатро бигӯям ва шумо амал накунед ва аз дини Худо хориҷ шавед. Он гоҳ фармуд:
إِنَّ مِنْ أَشَدِّ مَا افْتَرَضَ اللَّهُ عَلَی خَلْقِهِ ثَلَاثاً- إِنْصَافُ الْمَرْءِ مِنْ نَفْسِهِ- حَتَّی لَا يَرْضَی لِأَخِيهِ مِنْ نَفْسِهِ إِلَّا بِمَا يَرْضَی لِنَفْسِهِ مِنْهُ- وَ مُوَاسَاةُ الْأَخِ فِي الْمَالِ- وَ ذِكْرُ اللَّهِ عَلَی كُلِّ حَالٍ لَيْسَ سُبْحَانَ اللَّهِ وَ الْحَمْدُ لِلَّهِ- وَ لَكِنْ عِنْدَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ فَيَدَعُه
«Аз ҷумла сахт‏тарин вазифаҳое, ки Худо бар бандагонаш фарз кардааст се чиз аст:
якум: риояти адл ва инсоф миёни худ ва дигарон, ба сурате, ки бо бародари мусулмони худ ончунон рафтор кунад, ки дӯст дорад ӯ бо вай чунон рафторе дошта бошад.
дувум: моли худро аз бародарони мусулмон дареғ накунад ва бо онҳо ба баробарӣ рафтор намояд.
севум: дар ҳар ҳол ба ёди Худо бошад ва мақсуд аз ёд кардани Худо ин нест, ки пайваста "Субҳоналлоҳ ва Алҳамду лиллаҳ" бигӯяд, балки мақсуд ин аст, ки агар бо кори ҳароме рӯбарӯ шавад Худоро дар назар биёрад ва он корро анҷом надиҳад.
Биҳор, ҷ.71, саҳ. 242
Инсофро дар муомила бо дигарон риоят кунад. Агар хато кард бипазирад ва онро ҷуброн кунад ва онро такрор накунад. Дигарон махсусан ниёзмандонро дар дороияш шарик кунад. Аз ғизое, ки мехӯрад, аз кафшу либосе, ки мепӯшад ба дигарон бидиҳад на ин ки таҳмондаи ғизоро, ки мехоҳад дур бирезад ё кафше, ки дигар майле надорад ба ниёзманд диҳад. Ҳунари Аҳли байти Расули Худо(с) ин буд, ки бо вуҷуди ин ки худ гурусна ва рӯзадор буданд таоми худро фақат барои ризои Худо ба ятиму мискину асир мебахшанд ва Худо ҳам он ҳама неъмат ба онҳо мебахшад. (Сураи Инсон)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст