Бо падар ва модари худ чигуна рафтор кунем? Назари Қуръони Карим дар ин масъала чист? Анҷоми он дар хушбахтӣ ва ё тарки он дар бадбахтии инсон чи таъсире дорад? 
Барои посух ба ин саволҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем. Худованд дар чанд оят дастур додааст, ки ба падару модари худ эҳсон ва некӣ кунед.
قال الله تعالی: وَ قَضى‏ رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُوا إِلاَّ إِيَّاهُ وَ بِالْوالِدَيْنِ إِحْساناً
Ва Парвардигорат фармони ҳатмӣ додааст, ки фақат ӯро бипарастед ва ба падару модар (и худ) некӣ кунед. Исроъ/23
Мехоҳем бифаҳмем, ки Худованд бо ин дастур аз мо чи мехоҳад?
Барои беҳтар фаҳмидани ин масъала баҳсро ба 4 қисм тақсим ва баён мекунем;
1. Некӣ ба падару модар хеле муҳим аст , чунки:
• 6 бор дар Қуръони Карим омада аст. Бо таваҷҷӯҳ ба инки бархе аз аҳкоми муҳим монанди хумс дар як оят омадааст.(Анфол/41)
• 4 бор баъд аз масъалаи тавҳид омадааст. Бақара/83; Нисо/36; Анъом/151; Исроъ/21
• Нишонаи муваҳҳиди воқеӣ аст.
• Як масъала ва вазифаи инсонӣ аст. Аҳқоф/15 ва Анкабут/8
• Дар адёни гузашта ҳам будааст. (Бақара/83)
• Дастур ва ҳукми Худост. Пас бояд ба он амал шавад. Исроъ/23
• Тарки он ҳаром ва гуноҳ аст. Исроъ/23
• Дастури мураббӣ аст. Яъне амал ба он сабаби тарбият ва рушд аст. Исроъ/23
• Бояд бевосита ва шахсан бошад. (бои илсоқ на ило) Дар ҳамаи 6 оят.
 Пас фарзанди азиз!
 Аз падару модар, ки туро ба дунё оварданд ва пеши ту ҳастанд, ташаккур кун ва ба азамати офаридгори ҳақиқӣ, ки ҳам падару модар ва ҳам туро офаридааст диққат кун ва ба фикри ташаккур аз ӯ бош!
 Худое, ки мураббии ҳамаи оламиён аст, ба падару модар тавфиқи тарбияти фарзанд додааст ва ташаккур аз он дуро воҷиб кардааст. Ин масъала на танҳо ширк нест, балки худи тавҳид аст. Пас бо ташаккур аз падару модар, дастури мураббии аслӣ ва ҳақиқиро амал мекунӣ, ки ҳам ташаккур ва ҳам рушд аст.
 Воқеан меҳри падару модар ба фарзандро кӣ додааст? Агар падару модар ин қадар ба фарзанд муҳаббат доранд ва ӯро дӯст медоранд, пас он Худое, ки ин ҳама муҳаббатро ба падару модар додааст бандаашро чи қадар дӯст медорад?
2. Волидайн гуфтааст.
 Абавайн нагуфтааст, чунки падар, бобо, амӯ, паёмбар, имом, устод, падари зан ва ғайри инҳо метавонанд "аб" бошанд; яъне дар тарбияти мо саҳм дошта бошанд, вале волидайн; касоне ҳастанд, ки сабаби ба дунё омадан ва таваллуди мо ҳастанд.
 Ба ҳар ду бояд эҳсон кард.
Ҳарчанд аз назари Қуръони Карим ва ривоёт саҳми модар бештар аз падар аст, вале ин масъала сабаби нороҳатии падар ва эҳсоси табъиз нашавад. Дар ояи 15/Аҳқоф баъд аз дастур ба некӣ, ҳомилагии модар ва ба дунё омадан ва шир додани кӯдак баён шудааст. Дар ривоят ҳам омадааст, ки Паёмбар(с) дар ҷавоби фарде, ки пурсид: Ба кӣ некӣ кунам? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Боз? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Боз? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Боз? Фармуд: Баъд падарат... (Мишкотуланвор, саҳ.159)
 Ҳеҷ қайде надорад.
Яъне фарқе надорад, ки диндор бошанд ё бедин, некукор ё бадкор, ҷавон ё пир, корманд ё бекор, дур ё наздик, солим ё бемор, шаҳрӣ ё деҳотӣ, босавод ё бесавод, соҳиби хона ё иҷора, ғанӣ ё фақир, зинда ё мурда ва ғ.
3. Эҳсон гуфтааст.
o Инфоқ нагуфтааст, чун инфоқ ба маънои берун кардани чизе аз дороӣ ва навъе сармоягузорӣ аст, ки ба фикри нафъу зарари худат ҳастӣ, вале дар эҳсон, илова бар ин ки ба фикри суду зиён, бояд ба фикри ниёзи касе бошӣ, ки ба ӯ мехоҳӣ хидмат кунӣ. Масалан агар ба мардуми қаҳтизадае яхдон бифиристӣ инфоқ ҳаст, вале эҳсон нест, чунки онҳо ба обу нон ниёз доранд на яхдон.
Пас фарзанд бояд бибинад, ки падару модараш чи ниёз доранд ё чи чизе мувофиқи табъи онҳо аст, пеш аз ин ки аз ӯ бихоҳанд ҳамонро анҷом диҳад.
o Ҳеҷ қайде надорад.
Яъне фарқе надорад, ки моддӣ бошад (мисли пул, мол, табобат, нигаҳдорӣ, парасторӣ, хурок, пушок, ва ғ.) ё маънавӣ (дуо, эҳтиром, истиғфор, муҳаббат, итоат, хабар гирифтан, аҳволпурсӣ, хатми Қуръон, вақф, садақа, намоз, рӯза, назр, ва ғ.), бузург ё кучак, кам ё зиёд, шаб ё рӯз, ошкоро ё пинҳон, дунёӣ ё ухравӣ, аз тарафи духтар ё писар, ва ғ.
o Андоза надорад. Масалан дар мавриди садақа ба ниёзмандон, то бартараф шудани ниёзашон аст, вале дар ин маврид андоза надорад.
o Вазифаи ҳамаи фарзандон аст. Масалан агар афроде ниёзи маҳруминро таъмин кунанд аз дигарон масъулият бартараф машавад, вале дар ин масъала ҳамаи фарзандон вазифа доранд.
o Расули Худо(с) дар посух ба савол аз ҳаққи падару модар фармуд: Он ду биҳишти ту (агар онро адо кунӣ) ва дузахи ту ҳастанд (агар онро адо накунӣ.) (Аттарғиб ваттарҳиб, 3/316/10)
o Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Некӣ ба падару модар бузургтарин вазифа аст. (Ғурарул ҳикам/4423)
 Албатта бояд диққат кунем, ки итоат аз онҳо, то вақте воҷиб аст, ки даъват ба куфр ва гуноҳ накунанд. Агар ин корро карданд дигар итоат воҷиб нест. (Анкабут/8)
o Ҳазрати Ризо(р) фармуд: Некӣ ба падару модар воҷиб аст, агарчи мушрик бошанд, вале дар (коре, ки сабаби) нофармонии Худо (мешавад) набояд аз онҳо итоат кард. (Биҳор, 74/72/55)
 Пас падару модари азиз!
Агар дасти фарзанди худро дар дасти Худо бигузоред ва бо Худо маънус ва муртабит кунед Худованд дасти фарзандатонро дар дасти шумо мегузорад ва дастур медиҳад, ки агар мехоҳӣ аз ман ташаккур кунӣ аз падару модарат ҳам ташаккур кун ва ба онҳо эҳсон кун!
Пас биёед аз Худое, ки некӣ кардан ба падару модарро дар канори ибодат ва итоати худаш қарор додааст ва мураббии ҳақиқӣ ва холиқу розиқ ва соҳиби ҳамаи неъматҳо аст бо амал ба дастурҳояш ва парҳез аз нофармониаш ташаккур кунем ва бо ин кор ба фарзандони худ ташаккур карданро биёмузем.
4. Ба фарзанд некӣ кунед наёмадааст.
Худованд дар 6 оя ба фарзанд дастур дод, ки ба падару модари худ некӣ кунед, вале ба падару модар на танҳо чунин дастуре надодааст, балки 6 ҳушдор додааст. Чун муҳаббати падару модар табиӣ ва Худододӣ аст ва баъзе вақт мумкин аст аз ҳадди миёна берун равад ва сабаби бадбахтӣ шавад. Он 6 занги хатар инҳост:
1) Эҳтиёт кунед, ки фарзандон василаи имтиҳон ва озмоиши шумо ҳастанд. Анфол/28 ва Тағобун/15
2) Ба ҳуш бошед, ки фарзандон худ ба худ сабаби наздик шудани шумо ба Худо нестанд. Сабаъ/37
3) Ба ҳуш бошед, ки фарзандон мумкин аст сабаби фахрфурушӣ ва ба рух кашидани зиёдии онҳо ба дигарон ва таҳқири дигарон шаванд, (Ҳадид/20) дар ҳоле ки дар рӯзи қиёмат ҳар кас гирифтори худ аст ва аз ҳамдигар мегурезанд. Абаса/34-35
4) Ба ҳуш бошед, ки ҳар фарзанде дар рӯзи қиёмат фоида намерасонад. Шуаро/88; Мумтаҳина/3
5) Ба ҳуш бошед, ки фарзандон мумкин аст сабаби ғофил шудан аз ёди Худо шаванд. (Мунофиқун/9)
2