Please update your Flash Player to view content.
 
Худои Мутаол дар ояти 27 сураи Моида мефармояд:
وَ اتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَى ءَادَمَ بِالْحَقِّ إِذْ قَرَّبَا قُرْبَاناً فَتُقُبِّلَ مِنْ أَحَدِهِمَا وَ لَمْ‏يُتَقَبَّلْ مِنَ الْأَخَرِ قَالَ لَأَقْتُلَنَّكَ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ‏
(Эй Паёмбар,) достони ду писари одамро ба ҳақ бар мардум бозхон, онгоҳ ки (ҳар як аз он ду) қурбонӣ пеш оварданд. Пас аз яке (Ҳобил) пазируфта шуд ва аз дигаре (Қобил) қабул нагашт. (Қобил) гуфт: Ҳатман туро хоҳам кушт. (Ҳобил) гуфт: Худованд, танҳо аз парҳезкорон қабул мекунад.
Бидонем        
Шояд мурод аз тиловати ба ҳақ он бошад, ки ин моҷаро дар Таврот таҳриф шуда ва бо хурофот, омехта аст ва ончи дар Қуръон омада, ҳақ аст.
Дар ривоят омада, ки Ҳобил, галладор буд ва беҳтарин гӯсфанди худро барои қурбонӣ овард. Ва Қобил кишоварз буд ва бадтарин қисмати зироати худро барои инфоқ дар роҳи Худо баргузид. [Кофӣ, ҷ. 8, саҳ. ‏113] Ангезаи қатли Қобил ҳасодати ӯ нисбат ба ‏пазириши қурбонии бародараш Ҳобил буд. [Тафсири Нуруссақалайн]
Қуръон ме‏фармояд: Ҳаргиз ба хайр намерасед, магар он ки аз ончи дӯст доред инфоқ кунед. [Оли ‏Имрон, 92]
 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти