Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти панҷуми сураи Иброҳим мефармояд:
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى‏ بِايَتِنَآ أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الْظُّلُمَاتِ إِلَى الْنُّورِ وَذَكِّرْهُم بِأَيَّمِ اللَّهِ إِنَّ فِى ذَ لِكَ لَأَيَتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ        
 Дар ҳақиқат Мӯсоро бо мӯъҷизот (ба сӯи мардум) фиристодем (ва ба ӯ гуфтем:) Қавматро аз торики‏ҳо ба сӯи нур хориҷ соз ва ба онон рӯзҳои (қаҳр ё лутфи) Худоро ёдоварӣ кун! Дар ҳақиқат дар ин ёдоварӣ барои касоне, ки сабр ва шукри фаровон дошта бошанд нишонаҳое аз қудрати илоҳӣ аст.
Биёмӯзем        
1.    Худованд барои ҳидояти мардум нақшаи роҳ (китоб) ва роҳнамо (расул) фиристода ва расулашро бо муъҷизаҳо ҳимоят кардааст, то ҳақ равшан шавад ва касе узру баҳона наёрад. Пас мо ҳам бояд ба вазифаи худ, ки имон ва амал ҳаст амал кунем ва дунболи баҳонагирӣ набошем.
2.    Мусо фиристодаи Худост ва паёми Худоро мерасонад. Пас Мусо ҳақ аст ва мо ҳам бар ӯ дуруд мефиристем.
3.    Анбиё мӯъҷиза доранд, то рисолати худ ва ҳақро барои афроде, ки лаҷоҷат доранд исбот кунанд.
4.    Ҳадаф ҳамаи анбиё яке аст, чун сарчашмаи ваҳй ва фиристандаи он якест. Худованд дар ояти аввали сураи Иброҳим(а) ба ҳазрати Муҳаммад(с) ва дар ин оят ба ҳазрати Мӯсо мефармояд: Мардумро аз торики‏ҳо хориҷ кунед ва ба нур ҳидоят намоед.
5.    Аввалин доираи маъмурияти анбиё қавми худашон аст.
6.    Роҳи наҷоти мардум аз зулматҳо, ёди қаҳр ва қудрати Худо нисбат ба ситамгарон чун Фиръавну фиръавниён ва диққат ба лутфи Худо нисбат ба гузаштагон аст. Рӯзҳое, ки мардум аз зери ҳукумати тоғутҳо монанди Фиръавн наҷот меёбанд ва ба истиқлол мерасанд ва бо озодӣ бандагии Худо мекунанд рӯзҳои Худо ва муқаддас ҳастанд ва бояд онро ёдоварӣ кунанд ва гиромӣ бидоранд.
7.    Диққат ба таърих замина‏и сабр ва шукрро дар инсон ба вуҷуд ме‏орад. Ёдоварии мусибат‏ҳо ва талхи‏ҳои гузашта ва бартараф шудани онҳо, инсонро ба шукр водор ме‏кунад. Ва андешидан ба пойдории уммат‏ҳо ва пирӯзии онон, одамиро ба сабр ва пойдорӣ даъват мекунад.
8.    Ҳамаи рӯзҳо рӯзи Худост, аммо рӯзи таҷаллии қудрати Худованд дар нусрати мӯъминон ва нобудии кофирону мустакбирон ҳисоби махсус ва дигар дорад.
9.    Ҳар гуна ҷашн ё сӯгворӣ ва маросими вижа‏е, ки бузургдошти “айём‏уллоҳ” яъне рӯзҳои Худо бошад дуруст аст.
10.    Мӯъмин дар сахтиҳо сабр ва дар пирӯзиҳо ва осоиш шукр мекунад.
11.    Сабру шукр заминаи дарки ҳақиқат аст.
12.    Бо пайравӣ аз Расули Худо ва қонуни ӯ инсонҳо аз зулматҳо наҷот меёбанд ва ба сӯи нуру ҳидоят мераванд ва ба саодат мерасанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти