Please update your Flash Player to view content.
  Яке аз масъалаҳое, ки дар хонаводаҳо вуҷуд дорад ин аст, ки фарзандон чигуна назари худро баён кунанд.
Падару модар чӣ вазифае доранд? Фарзандон чи шароитеро бояд риоят кунанд? Барои посух ба ин саволҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем.
Худои Мутаол дар сураи Қасас саҳнаеро аз достони ҳазрати Мусо(а) барои мо нақл карда аст, ки ба саволҳои мо посух медиҳад.
Дар ояти 26 сураи муборакаи Қасас мехонем:
قَالَتْ إِحْدَاهُمَا يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ
“Яке аз духтарони ҳазрати Шуайб(а) гуфт: Эй падарҷон! Хоҳиш мекунам, ки ӯ (Мусо)-ро коргар бигир. Дар ҳақиқат беҳтарин коргаре аст, ки интихоб мекунӣ, чунки қудратманд ва амонатдор аст.”
Паёмҳое, ки аз ин оят меомузем:
Падару модар бидонанд, ки барои изҳори назари фарзандон дар хонавода:
1. Фазо ва фурсати муносиб ба вуҷуд биёваранд.
2. Ба назарҳо диққат кунанд ва эҳтиром бигузоранд.
Ин кор 1) шахсият додан аст ва 2) роҳи шинохти шахсияти инсон аст.
Забон дар даҳон эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад чи донад касе,
Ки гавҳарфуруш аст ё пилавар.
3. Ҷинс муҳим нест. Духтар бошад ё писар.
4. Синну сол муҳим нест. Фарзанд бузург бошад ё кучак. Ёдамон наравад, ки “Бузургӣ ба ақл аст на ба сол”.
5. Дар сурати дуруст будани назари фарзанд, ба он амал кунанд.
Фақат қабул ва ташвиқ кардани фарзандон кофӣ нест, чунки дар ин сурат эҳсоси ноумедӣ мекунанд.
Фарзанд бояд ингуна бошад:
Назари худро баён кунад.
Аз масъала огоҳӣ дошта бошад.
Боадаб ва боэҳтиром баён кунад.
Дархост кунад ва натиҷаро ба бузурги хона вогузор кунад.
Ба фикри ҳалли мушкили хона бошад.
Аввал ба фикри ҳалли мушкили хона бошад баъд ба фикри ҳалли мушкили худ, чунки дар ин сурат заминаи ҳалли мушкилоти дигар фароҳам мешавад.
Хонаводаи ҳазрати Шуайб(а) ба коргар ва духтараш ба ҳамсар ниёз дошт.
Фурсатҳоро ғанимат бишуморад. Дархости худро ҷиддӣ баён кунад.
Беҳтаринҳоро пешниҳод кунад. Меъёрҳои беҳтарин будан: 1) Қудрат-тахассус ва 2) амонат-тааҳҳуд аст.
Бо далел ва санад пешниҳод кунад. Ба ҳаводис бодиққат нигоҳ кунад. Ҳазрати Шуайб(а) аз духтараш пурсид: Аз куҷо фаҳмидӣ, ки ӯ қудратманд ва амонатдор аст. Гуфт: Худаш танҳо аз чоҳ барои рама об дод ва хаста нашуд ва вақте меомадем гуфт, ки ту аз пушти сари ман биё то нигоҳи ман ба ту наафтад. Шахсияти афрод дар ҳолатҳои оддӣ беҳтар шинохта мешаванд.
Оё мо ба унвони падару модар дар хона ингуна фазоро ба вуҷуд овардаем? Оё мо фарзандон шароити изҳори назарро риоят мекунем?
Агар чунин бошем Худоро шукр, ки монанди бандагони баргузидаи Худо амал кардем, вале агар ингуна нестем бояд барои расидан ба он талош кунем.
Биёед аз ин оёти нурони паёми зиндагӣ бигирем, то бо тавфиқи Худо хонаводаи хушбахт дошта бошем.
Худоё, тавфиқи амал ба вазифа ва риояти ҳуқуқи дигаронро ба ҳамаи мо марҳамат бифармо!
Таҳияи С. М.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти