Please update your Flash Player to view content.

Баъзе муддаиёни мусулмонӣ чӣ қадар беҳаё ҳастанд, ки на танҳо худ гунаҳкоранд, балки мӯъминон ва мусулмонони пойбанд ба дин ва амри Худоро масхара мекунанд.
Худои Мутаол дар оёти 29-36 сураи муборакаи Мутаффифин мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُواْ كَانُواْ مِنَ الَّذِينَ آمَنُواْ يَضْحَكُونَ وَ إِذَا مَرُّواْ بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ وَإِذَا انقَلَبُواْ إِلَى‏ أَهْلِهِمُ انقَلَبُواْ فَكِهِينَ وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُواْ إِنَّ هَؤُلَا ءِ لَضَآلُّونَ وَمَآ أُرْسِلُواْ عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُواْ مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ عَلَى الْأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفْعَلُونَ‏
Дар ҳақиқат муҷримон ҳамеша ба аҳли имон ме‏хандиданд. Ва ҳар гоҳ аз канорашон мегузаштанд, (бо тамасхур) бо чашму абрӯ ба якдигар ишора мекарданд. Ва ҳар гоҳ ба сӯи аҳли худашон (ва ҳамфикрони мунҳарифашон) барме‏гаштанд, (шодмон аз тамасхур) танзгуна ва базла‏гӯён бозме‏гаштанд. Ва ҳар гоҳ аҳли имонро ме‏диданд, мегуфтанд: Шакке нест, ки онон ҳамон гумроҳонанд. Дар ҳоле ки онон, вазифаи нигаҳбонӣ бар мӯъминонро надоштанд. Пас имрӯз аҳли имон бар ин кофирон ме‏ханданд. Дар ҳоле ки бар тахт‏ҳои биҳиштӣ назора‏гаранд. Ки оё кофирон кайфари амалкарди худро дидаанд?
Биёмӯзем
11. Мӯъминон набояд умеди хайр аз гунаҳкоронро дошта бошанд.
12. Гунаҳкорон ба аҳлу ҳизби худ менозанд ва барои мӯъминон ҳаҷв месозанд ва ба шодмонӣ мепардозанд.
13. Гӯё муҷримон худро хуҷаини мӯъминон ме‏донанд, вале Худо онро рад ва онҳоро сарзаниш мекунад.
14. Имон бо ҷурму гуноҳ созгор нест. Ҳар касе бояд иддаои имони худро бо амалаш бисанҷад.
15. Мӯъминон дар қиёмат омили ранҷи рӯҳии муҷримон ҳастанд, зеро дар онҷо мӯъминон низ ба онон хоҳанд хандид.
16. Кайфар дар қиёмат бо гуноҳ дар дунё таносуб дорад. Кайфари ханда‏ҳои тамасхуромез дар дунё, мавриди ханда қарор гирифтан дар охират аст.
17. Кайфарҳои қиёмат бозтоби аъмоли худи инсон аст.
18. Сифатҳои гунаҳкоронро бишиносед ва аз он дурӣ кунед, то ба сарнавишти онҳо дучор нашавед.
19. Азоби абадӣ барои муҷримон айни адолат аст, чун ҳар чӣ Худо ба онҳо фурсат дод бар ҷурми хеш афзуданд ва ҳар чӣ мемонданд ба ҳамин роҳ идома медоданд. Гуноҳ кардан ва доштани рӯҳияи доимии гуноҳкорӣ азоби доимиро дар пай дорад.
20. Муҷримон бо мӯъминон дар як ҷомеа зиндагӣ доранд, вале онҳо на танҳо амал намекунанд, балки бандагони хуби Худоро озору азият мерасонанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти