Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол ба Паёмбари Аъзам(с) ва ҳамаи мӯъминону мусулмонон ҳушдори ҷиддӣ медиҳад ва ҳақиқати зарқу барқи кофиронро баён мекунад:
لَا يَغُرَّنَّكَ تَقَلُّبُ الَّذِينَ كَفَرُواْ فِى الْبِلَدِ مَتَاعٌ قَلِيلٌ ثُمَّ مَأْوَيهُمْ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ الْمِهَادُ
Рафту омади кофирон дар шаҳрҳо ҳаргиз туро фиреб надиҳад. (Чун баҳраи онҳо аз ин рафту омадҳо) баҳраи ночиз аст. Сипас ҷойгоҳи абадии онон ҷаҳаннам аст, ки бад ҷойгоҳе аст. Оли Имрон/196-197
Бидонем
Мушрикони Макка ва яҳудёни Мадина ба хотири мусофират‏ҳои тиҷоратӣ вазъияти хубе доштанд, вале мусулмонон ба хотири ҳиҷрат ба Мадина ва раҳо кардани молу дороӣ ва зиндагии худ дар Макка ва ҳамчунин муҳосира‏и иқтисодӣ дар фишор ва сахтӣ буданд. Ин оят сабаби тасаллии хотири онҳост.
Биёмӯзем
1. Ҳатто анбиё ба ҳушдор ниёз доранд, то аз вазъи зоҳирии кофирон таъсир напазиранд.
2. Масъулияти раҳбар дар фаҳми ҳақиқат ва амали устувор бештар аст.
3. Фиристодан ва қабули ҳайъат‏ҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, ташкили нишастҳо ва мусоҳиба‏ҳои кофирон ва душманон шуморо фиреб надиҳад. Инҳо худро аз соҳиби донову ҳаким ва қодири шикастнопазир ҷудо кардаанд.
4. Комёби‏ҳои моддӣ дар дунё ҳар андоза бошад боз маҳдуд ва ночиз аст.
5. Комёби‏ҳои кофирон нишонаи ҳаққоният ва маҳбубияти онон нест.
6. Охирбин бошед на охурҷабин.
7. Набояд ҳаваси кореро хӯрд, ки саранҷомаш оташ ва ҷаҳаннам бошад.
8. Агарчӣ кофирон муҳлат дода мешаванд, вале расвоӣ ва азоби охири корашон, ки дӯзах аст ҳатмӣ аст ва наметавонанд аз он бигурезанд.
9. Сарони куфр ва кофирон аз имконоте, ки дар ихтиёр доранд барои рафтан ба ҷои бад ва ҷаҳаннам истифода мекунанд.
10. Ҳушдорҳои Худоро, ки барояш ниҳону ошкор ва аввалу охири корҳо маълум аст чиддӣ бигирем.
Воқеан ҷои ибрат аст, ки аз он ҳама зарқу барқ ва қудрату сарват ва рафту омаду фахрфурушии кофирон чӣ монду аз шахсияти нозанини Паёмбари Аъзам(с) ва ёрони мухлису муҷоҳид ва муҳоҷири он ҳазрат дар дунё то қиёмат чӣ осоре барҷой мондааст. Тақвими зиндагии мусулмонон қарнҳост бар асоси ҳиҷрат ва ҳаракати Худописандонаи Паёмбари Аъзам(с) ва мӯъминони ростин аст, ки оғози ҳукумати исломӣ ва амалӣ шудани аҳкоми дини Худо шуд.
Ёдамон наравад, ки мо ҳам барои ояндагон бояд намунаи бандагӣ ва мояи сабру пойдорӣ, обрӯ ва фиреб нахӯрдан дар баробари зарқу барқи зудгузари дунё бошем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти