Please update your Flash Player to view content.

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبِّ ابْنِ لِي عِندَكَ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ و نجنی من فرعون و عمله و نجنی من القوم الظالمین
Раббибнӣ лӣ индака байтан фил ҷаннатӣ ва наҷҷинӣ мин Фиръавна ва амалиҳи ва наҷҷинӣ минал қавмиз золимин
Парвардигоро, барои ман дар пеши худат дар биҳишт хонае бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдори ӯ наҷот деҳ ва маро аз (дасти) гуруҳи ситамгар раҳоӣ бахш.
Ба Яздон чунин гуфт он нек пай
Гузаштам зи Фиръавну аз кохи вай
Бароям яке хона андар биҳишт
Бисозу бикун дурам аз кори зишт
Раҳо соз манро зи фиръавни паст
К-аз аъмоли зишташ диламро бихаст
Наҷотам бибахшо аз ин қавму кеш
Ки роҳи таадӣ гирифтанд пеш
Паёмҳо
1. Мубориза бо тоғут бо дуо зиддияте надорад.نجنی من فرعون ... رَبِّ
2. Наҷот аз тоғут пуштивонаи маънавӣ лозим дорад. نجنی من فرعون ... رَبِّ
3. Муҳимтар аз биҳишт қурби маънавӣ ба Худо аст. رَبِّ ابْنِ لِي عِندَكَ
4. Имон сабаби нафрат аз ситамгарон аст. Зани Фиръавн ба хотири имоне, ки дошт аз тамоми рафторҳои фиръавнӣ мутанаффир буд. نجنی من فرعون و عمله
5. Итоати зан аз мард дар ақида лозим нест, балки гоҳе бояд мавзеъ бигирад. نجنی من فرعون
6. Равобити хонаводагӣ ҳад дорад ва ҳамин ки ба гумроҳӣ ва куфр расид бояд иваз шавад. نجنی من فرعون
7. Безорӣ аз куфр шарти имон аст. نجنی من فرعون و عمله
8. Ибрози нафрат ва безорӣ аз дигарон бояд меъёри ақлӣ ва шаръӣ дошта бошад. من فرعون... من القوم الظالمین

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти