Please update your Flash Player to view content.
Дар ояти 30 сураи муборакаи Нур, ки дар қисмат гузашта баён шуд вазифаи идораи нигоҳ ва ҳифзи домани мардони мӯъмин таъин шуда буд инак вазифаи занони мӯъмин баён мешавад.
Худои Мутаол дар ояти 31 сураи муборакаи Нур мефармояд:
وَقُل لِّلْمُؤْمِنَتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَرِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَ لَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى‏ جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ ءَابَآئِهِنَّ أَوْ ءَابَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَآئِهِنَّ أَوْ أَبْنَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَنِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَنِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَتِهِنَّ أَوْ نِسَآئِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَنُهُنَّ أَوِ التَّبِعِينَ غَيْرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ‏يَظْهَرُواْ عَلَى‏ عَوْرَتِ النِّسَآءِ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُواْ إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ‏
Ва (эй фиристодаи мо) ба занони боимон бигӯ: Аз баъзе нигоҳ‏ҳои худ чашм‏пӯшӣ кунанд ва доман‏ҳои худро ҳифз намоянд ва ҷуз ончи (ба таври табиӣ) зоҳир аст, зинат‏ҳои худро ошкор накунанд ва бояд рӯймоли худро бар гардани худ бияфкананд (то илова бар сар, гардан ва синаи онон низ пӯшида бошад) ва зинати худро зоҳир накунанд ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ, ё писар худ ё писари шавҳари худ (ки аз ҳамсари дигар аст) ё бародари худ, ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занон (-и ҳам‏кеши худ) ё ончиро молик шудаанд (аз каниз ва барда) ё мардони хидматкороне, ки тамоюли ҷинсӣ надоранд ё кӯдаконе, ки бар масоили ҷинсии занон огоҳ нестанд. Ва низ пои худро ба гунае ба замин накӯбанд, ки ончи аз зевар махфӣ доранд ошкор шавад. Эй мӯъминон, ҳамагӣ ба сӯи Худо бозгардед ва ба даргоҳи Худо тавба кунед то растгор шавед.
Биёмӯзем
21. Зан ҳаққи моликият дорад.
22. Зан ме‏тавонад зинати худро ба занони мусулмон нишон диҳад, вале назди занони куффор худро бипӯшонад (зеро мумкин аст онҳо назди шавҳаронашон ё мардони бегона, ончиро аз зани мусулмон дидаанд баён кунанд.) Пас занони мусулмон ҳам дидорҳои занона ва хосси худро ҳақ надоранд ба номаҳрамон бигӯянд.
23. Ҳиҷоб ва пӯшиши зан ба хотири тамоюлоти ҷинси мардон аст. Аз ин рӯ дар баробари мардоне, ки майл ба ҳамсар надоранд пӯшиш лозим нест.
24. Ҳиҷоб ва пӯшиш воҷиб аст.
25. Ҳар коре, ки зинати занро ошкор кунад ё дигаронро аз он огоҳ созад манъ аст.
26. Бо ҳифзи ҳиҷоб ҳузури зан дар ҷомеа монеъе надорад. Ҳамон гуна ки ширкати зан дар намози ҷамоат иҷозат аст. Оли ‏Имрон, 43
27. Риояти ин масоил нишонаи имон аст. Мӯъминро бо анҷоми ин аъмол бишиносед. Аввали оят занони мӯъмин ва охири оят эй мӯъминон омадааст.
28. Лозимаи имон тавба ба даргоҳи Худованд аст.
29. Ҳамаи мӯъминон вазифа доранд ба Худо рӯ биёранд ва агар фиреби шаётинро хӯрданд тавба кунанд ва лаккаи сиёҳи гуноҳро тоза кунанд.
30. Он чӣ бояд гуфта мешуд баён шудааст, вале ин ба маънои маҷбур кардани фарод нест бояд ба ин вазифа амал кунанд ва агар амал накарданд рӯзи ҳисобу китоб бояд ҷавоб диҳанд ва муҷозот мешаванд. Чун комёбӣ дар асари амал ба амри Худо ва Расули Худо аст.
31. Комёбӣ бо тавба ва бозгашт аз роҳҳои инҳирофӣ ба даст меояд.
32. Қонуни комил ва саодатофарини Худо вуҷуд дорад ва камбудие нест он чӣ муҳим ва камбудӣ аст амал кардан ва тарвиҷ ва ҳоким кардани ин қонун аст. Мусулмонон ва ҳокими исломӣ вазифа доранд барои тарвиҷ, иҷро ва ҳоким кардани ҳукми Худо талош кунанд ва заминаҳои лозимро фароҳам оранд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти