Ҳазрати Исо ибни Марям(а) яке аз паёмбарони илоҳӣ аст, ки номаш дар Қуръон 25 бор омада ва ба муъҷизаҳо ва вижагиҳои хосси он ҳазрат эътироф карда шудааст.
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنزِلْ عَلَيْنَا مَآئِدَةً مِّنَ السَّمَاء تَكُونُ لَنَا عِيداً لِّأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِّنكَ وَارْزُقْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ
Аллоҳумма раббано анзил алайно моидатам минас самои такуну ъидан лиаввалино ва охирино ва оятам минка варзуқно ва анта хайруррозиқин
Худоё! Парвардигоро!Дастархоне аз осмон бар мо фурӯ фирист, ки барои насли кунунӣ ва ояндагони мо ид ва нишонае аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ, ки ту беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ. (Сураи Моида, ояти 114).
Пас онгоҳ Исо ду дасти дуо
Чунин боз бардошт пеши Худо
Ки Парвардигорам кунун рӯи меҳр
Ғазое ба мо деҳ зи нили сипеҳр
Ки ин рӯз бар мову ахлофи мо
Шавад нек иде ба даври қазо
Бигардад ба мо ҳуҷҷате ошкор
Ки раззоқи бартар туӣ Кирдигор
Паёмҳо
Ид ва ҷашни мазҳабӣ аз назари Қуръони Карим кори дурусте аст (таваллуди Паёмбар ва авлиёи Худо ва беъсати Расули Худо камтар аз нузули моидаи осмонӣ нест).
Ба Худо таваҷҷӯҳ кунем ва ба суроғи дигарон наравем.
Дар дуо Худоро бо адаби комил ва бо сифати муносиб бо дархости худ садо бизанем. Аввали оят Худоё, Парвардигоро ва охири оят хайруррозиқин аст.
Ба дархостҳои моддӣ ҳадафи маънавӣ диҳем. (Ҳаворийюн аввалин ҳадафи худро хӯрдан ва баъд итминон доштан баён карданд, вале ҳазрати Исо(а) аввал барҷо гузоштани нишонаи сурур барои таърих ва баъд нишонаи қудрати Худованд ва сипас масъалаи ризқро матраҳ кард. Ба ҳама фаҳмонд, ки масоили маънавӣ ва иҷтимоӣ бар масоили гуруҳӣ ва иқтисодӣ муқаддам аст).
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст