Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 27 сураи Таборак мефармояд:
فَلَمَّا رَأَوْهُ زُلْفَةً سِيئَتْ وُجُوهُ الَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَذَا الَّذِى كُنتُم بِهِ تَدَّعُونَ‏
Пас чун он (дӯзахи ваъдадодашуда)-ро наздик бибинанд, чеҳра‏ҳои касоне, ‏ки кофир шуданд, зишт ва гирифта гардад ва (ба онҳо) гуфта шавад: Ин аст ончи (дар дунё бо масхара) мехостед.
Бидонем
«Зулфатан» ба маънои наздик аст. Ба сарзамини Машъарулҳаром «Муздалифа» ме‏гӯянд, чун ба Макка наздик аст.
«Таддаун» дархости ҷиддӣ ва бошитоб аст. Дар оятҳои 12-14 сураи Зориёт ме‏хонем: Ёд кун рӯзеро, ки онон бо оташ шиканҷа ва азоб шаванд, шиканҷаа‏тонро бичашед, ин ҳамон аст, ки бо шитоб хоҳони он будед ва ме‏гуфтед: Рӯзи ҷазо кай аст?
Қуръони Карим дар оёти зиёде ба тавсифи симои некӯкорон ва гунаҳкорон дар қиёмат пардохтааст. Дар бораи некӯкорон мефармояд: Дар он рӯз сурат (инсон)-‏ҳое дурахшону хандон ва шодмонанд. (Абаса, 38-39) Сурат‏ҳое дар он рӯз шодобу ботароватанд. (Ғошия, 8) Дар чеҳраҳои онон хуррамӣ ва тароватро дарк ме‏кунӣ. (Муттаффифин, 24)
Аммо дар бораи мунҳарифон ва гунаҳкорон ме‏фармояд:
Бар сурат‏ҳое дар он рӯз ғубор ва кудурат аст ва сиёҳӣ ва торикӣ онро фаро гирифтааст. (Абаса, 40-41)
Чеҳраҳое дар он рӯз залилу фурӯ афтодаанд. (Ғошия, 2)
Шӯъла‏ҳои оташи сахт ба суратҳояшон мевазад ва чеҳраи онон дарҳамкашида ва шикаста ва дандон‏ҳояшон ба воситаи сӯхтани лаб‏ҳо намоён аст. (Мӯъминун, 104)
Ононро дар қиёмат кӯру кар ва лол ва бар суратҳояшон маҳшур мекунем. (Исро, 97)
Суратҳое дар он рӯз ба шиддат гирифта ва дарҳамкашида ҳастанд. (Қиёмат, 24)
Рӯзе, ки дар миёни оташ ба рӯ кашида шаванд. (Қамар, 48)
Биёмӯзем
1. Рӯзи ваъдаи Худо ҳамтан мерасад.
2. Куфр дар дунё сабаби рӯсиёҳӣ дар охират аст.
3. Дар қиёмат илова бар азоби ҷисмӣ, азоби рӯҳии таҳқир низ вуҷуд дорад.
4. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард.
5. Барономаи Худоро ҷиддӣ бигирем ва бо қабули ҳақ худро аз рӯсиёҳӣ наҷот диҳем.
6. Охирбин бошем на охурбин
7. Дунё гузарост, вале қиёмат ва азобҳои он доимӣ аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти