Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар оятҳои 20-21 сураи Таборак мефармояд:
أَمَّنْ هَذَا الَّذِى هُوَ جُندٌ لَّكُمْ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ الرَّحْمَنِ إِن الْكَافِرُونَ إِلَّا فِى غُرُورٍ أَمَّنْ هَذَا الَّذِى يَرْزُقُكُمْ إِنْ أَمْسَكَ رِزْقَهُ بَل لَّجُّواْ فِى عُتُوٍّ وَنُفُورٍ
Оё кист ин касе, ки сипоҳи шумост ва шуморо дар баробари (қаҳри) Худованди Раҳмон ёрӣ ме‏диҳад? Кофирон ҷуз дар фиребу ғафлат нестанд. Оё кист он ки агар Худованд ризқашро қатъ кунад ба шумо рӯзӣ диҳад? Балки онон дар саркашӣ ва гурез (аз ҳақиқат) якравӣ ме‏кунанд.
Бидонем
Дар оёти қабл сухан аз қудрати илоҳӣ дар замин ва осмон буд. Ӯ ме‏тавонад ба замин фармон диҳад, ки кофиронро дар худ фурӯ барад. Ӯ ме‏тавонад парандагонро дар осмон нигоҳ дорад ва.... Ин оят аҷз ва нотавонит башарро ба рухи ӯ ме‏кашад, ки ин инсон бо такя бар кадом лашкар ва бо чӣ ҳимояти ин ҳама дар баробари Худованд, якравӣ аз худ нишон ме‏диҳад. Гӯё мушрикон аз тарафи бут‏ҳо барои худ неруе эҳсос ме‏карданд.
«Ғарур» ба маънои фиребдиҳанда ва «ғурур» ба маънои фиреб аст.
Абзорҳои ғурур мутафовитанд ва омили он шайтон аст. (Луқмон/33) Орзуҳои тӯлонӣ ва ваъда‏ҳои ғофилгароёна василаи ғуруранд.
Дар ин ҷо ба авомили бадбахтии инсон ишора шудааст: ғурур якравӣ, саркашӣ аз ҳақ ва утув ба маънои истикбор ва таҷовуз аз ҳақ ва «нуфур» ба маънои изҳори танаффур ва гурез аз ҳақ аст.
Якравӣ заминаи саркашӣ ва туғён ва саркашӣ заминаи нафрат ва фосила гирифтан аз ҳақ аст.
Танҳо Худованд рӯзирасон аст. Ҳам дар дунё рӯзӣ ме‏диҳад. (Рум/40) Ҳам дар барзах рӯзӣ ме‏диҳад (Оли Имрон/169) ҳам дар қиёмат рӯзӣ ме‏диҳад. (Ғофир/40)
Биёмӯзем
1. Ба фарди мағрур бояд ба заъф‏ҳо ва нотавониҳояшро фаҳмонд.
2. Аз абзорҳои ғурур доштани лашкар ва сипоҳ аст.
3. Кофирон бо такя бар қудрат‏ҳои пӯшолӣ, гирифтори ғурур ва фиреб ме‏шаванд.
4. Худованд маҷбур нест, ки ризқ диҳад, балки ме‏тавонад ризқ доданро қатъ кунад.
5. Яке аз роҳҳои диққат ба неъмат‏ҳои Худованд, эҳтимоли гирифта шудани неъмат‏ҳо аст. Агар обҳо ба умқи замин фурӯ рафта буд ва шумо ба он дастрасӣ надоштед. (Мулк/30)

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти