Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар оятҳои 12-14 сураи Таборак мефармояд:
إنَّ الَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِالْغَيْبِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ وَأَسِرُّواْ قَوْلَكُمْ أَوْ اجْهَرُواْ بِهِ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ
Ҳамоно касоне, ‏ки аз Парвардигорашон дар ниҳон ме‏тарсанд, барояшон омурзиш ва подоши бузург аст. Гуфторатонро пинҳон кунед ё ошкор созед, (фарқе надорад) ҳамоно ӯ ба ончи дар синаҳост огоҳ аст. Оё касе, ки офарид, (аз ҳолоти офаридаи худ) огоҳ нест? Дар ҳоле ки ӯ борикбин ва огоҳ аст.
Биёмӯзем
1. Дар шеваи тарбият бояд сарзаниши бадон ва ташвиқи хубон дар канори ҳам бошад то муқоиса шавад. Оёти гузашта сухан аз кайфари дӯзахиён буд ва ин оят аз биҳиштиён сухан ме‏гӯед.
2. Хашяту тарс аз Худованд замоне корсоз аст, ки доимӣ бошад.
3. Пок шудан аз гуноҳон заминаи дарёфти алтофи илоҳӣ аст.
4. Тақво ва хашяти воқеӣ он аст, ки инсон дар даруни худ низ аз Худо парво дошта бошад, вагарна тақвои зоҳирӣ, тазоҳуре беш нест.
5. Риё ва нифоқро канор бигузорем, чунки Худо ба ботин‏ҳо ва махфиҳо огоҳ аст.
6. Пинҳон будан дар илми амиқ Худованд, асаре надорад. Ӯ тамоми ният‏ҳо ва рози дил‏ҳоро медонад.
7. Илми Худованд ба махлуқот ба хотири холиқияти ӯст. Касе, ‏ки чизеро сохта ва офарида аз ҳолоти офаридаи худ огоҳ аст.
8. Имон ба илми Худованд, беҳтарин омили боздоранда аз нифоқ ва ниҳонкорӣ аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти