Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар оятҳои 9-11 сураи Таборак мефармояд:
قَالُواْ بَلَى‏ قَدْ جَآءَنَا نَذِيرٌ فَكَذَّبْنَا وَقُلْنَا مَا نَزَّلَ اللَّهُ مِن شَىْ‏ءٍ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا فِى ضَلاَلٍ كَبِيرٍ وَقَالُواْ لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِى أَصْحَابِ السَّعِيرِ فَاعْتَرَفُواْ بِذَنبِهِمْ فَسُحْقاً لِّأَصْحَابِ السَّعِيرِ
Гӯянд: Бале, ҳамоно ҳушдордиҳанда ба сӯроғи мо омад, вале мо такзиб кардем ва гуфтем: Худованд чизе нозил накардааст ва шумо ҷуз дар гумроҳии бузурге нестед. Ва гӯянд: Агар мо (ҳаққро) мешунидем ё тааққул мекардем, дар зумраи аҳли оташ набудем. Пас ба гуноҳи худ эътироф менамоянд. Пас лаънат бар аҳли оташ бод.
Бидонем
Дар ин се оят ба се эътирофи кофирон дар қиёмат ишора шудааст:
1) эътироф ба омадани анбиё(а) ва такзиби онон.
2) эътироф ба гӯш накардан ба суханони ҳақ ва наяндешидан дар он
3) эътироф ба гуноҳ ва носипосӣ кардан.
Дар ояти 26 сураи Фуссилат мехонем, ки мухолифон ме‏гуфтанд: Ба ин Қуръон гӯш фаро надиҳед, вале дар он рӯз хоҳанд гуфт: Эй кош гӯш медодем!
Биёмӯзем
1. Худованд, ки ҳадафаш ба камоли маънавӣ расондани инсон аст, бояд раҳбари осмонӣ бифиристад вагарна ин ҳадаф амалӣ ва иҷро намешавад.
2. Натиҷаи инкори огоҳона ва қасдии дин дӯзах аст.
3. Хилофкор узр метарошад. Кофирон ме‏гуфтанд: Аслан Худо чизе нозил накардааст.
4. Решаи такзиб беақлӣ аст. Таолими Ислом мувофиқ бо ақл ва рушдиҳандаи он аст. Кофирон он рӯз эътироф мекунанд, ки агар аз ақл баҳра мебурдем мӯъмин ме‏шудем.
5. Ақли воқеӣ он аст, ки инсон ҳақро бишнавад, бипазирад ва пайравӣ кунад то аз қаҳри илоҳӣ ва бадбахтӣ худро наҷот диҳад.
6. Рӯҳияи лаҷоҷату якравӣ ба ҷое ме‏расад, ки гумроҳон, ба паёмбарони илоҳӣ нисбати гумроҳӣ ме‏диҳанд, он ҳам гумроҳии бузург!
7. Эътироф ба гуноҳ дар дунё мумкин аст сабаби афв шавад, вале дар охират ҳаргиз.
8. Куффор дар қиёмат ҳам шиканҷаи ҷисмӣ мешаванд ва ҳам шиканҷаи рӯҳӣ.
9. Ба гуфторҳо ва саволу ҷавобҳо диққат кунем. Шахсияти афродро метавон дар мавзеъгириҳояшон шинохт.
10. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард.
11. Худо ҳуҷҷатро тамом кардааст. Ба ҷои узру баҳона онро ёд бигирем амал кунем.
12. Аҳли оташро бишиносед.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти