Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 3-4 сураи Таборак мефармояд:
ألَّذِى خَلَقَ سَبْعَ سَمَوَاتٍ طِبَاقاً مَّا تَرَى‏ فِى خَلْقِ الرَّحْمَنِ مِن تَفَاوُتٍ فَارْجِعِ الْبَصَرَ هَلْ تَرَى‏ مِن فُطُورٍ ثُمَّ ارْجِعِ الْبَصَرَ كَرَّتَيْنِ يَنقَلِبْ إِلَيْكَ الْبَصَرُ خَاسِئاً وَهُوَ حَسِيرٌ
Ҳамон касе, ‏ки ҳафт осмонро табақа-табақа офарид. Дар офариниши Худованди Раҳмон ҳеҷ халале наме‏бинӣ. Бори дигар дида боз кун! Оё ҳеҷ шикофе ме‏бинӣ?
Боз пай дар пай чашми худро баргардон (ва тамошо кун, хоҳӣ дид, ки) чашм, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯи ту бозме‏гардад (бе он ки нақс ва халале мушоҳида кунад).
Бидонем
«Тибоқ» ё масдари «тобиқ» ё ҷамъи «табақ» аст. Дар сурати аввал яъне осмон‏ҳо мутаносиб ва мутобиқи якдигаранд ва дар сурати дувум яъне осмон‏ҳо ҳафт табақа бар фарози якдигаранд.
«Тафовут» аз «фавт» ба маънои падид омадани халал ва ноҳамоҳангӣ ва «футур» ба маънои шикоф аз тӯл аст. «Хосиан» ба маънои хаставу ноком ва «ҳасир» ба маънои нотавон аст.
Талхи‏ҳо ва камбудҳо дар назди инсон‏ҳои сатҳӣ ногувор ба назар ме‏ояд, вагарна муҳаққиқон ба ҳар чиз бо дидаи мусбат менигаранд. Туршӣ ва тезӣ барои кӯдак ногувор аст, вале барои волидайни ӯ ба андозаи мураббо арзишманд ҳастанд.
«Мисбоҳ» аз «субҳ» васила‏е аст, ки шабро ҳамонанди субҳ, мисли чароғ равшан кунад.
Дар ин оёт, се таъбир дар мавриди ситорагони осмон омадааст: мисбоҳ ва чароғ; зинат ва ҷилва; раҷми шаётин.
Дар оёти ҳафтум ва ҳаштуми сураи Соффот хондем, ки шайтон‏ҳо барои истироқи самъ ва шунуди ахбори осмон, қасди нуфуз ба он ҷоро доранд, вале ҳар бор мавриди ҳадаф қарор мегиранд ва ронда мешаванд ва ин гуна ситорагон василаи ҳифзи осмон ҳастанд.
Биёмӯзем
1. Низоми офариниш бар асоси раҳмати Худованд аст.
2. Низоми мавҷуд беҳтарин аст ва дар он ҳеҷ нақсу камбудӣ нест.
3. Худошиносӣ бояд бар асоси назар ва диққат бошад, то имони инсон ба азамати ҳастӣ ва қудрати Офаридгор бештар шавад.
4. Барои касби маърифат як бор дидан ва назар кардан кофӣ нест. Дар ин оят калимаи «дидан» ду бор ва калимаи «дида» се бор бо лафзи такрор омадааст.
5. Худованде, ки кори худро маҳкам ва ҳакимона анҷом додааст, аз диққати назари дигарон нигарон нест, балки дигаронро ба боздид даъват ме‏кунад.
6. Худованд аз офаридан хаста наме‏шавад, вале чашми мо аз нигоҳ ба офарида‏ҳои ӯ хаста мешавад.
7. Зинат яке аз хоста‏ҳои фитрии башар аст. Яке аз неъмат‏ҳои ситорагон зинат будани онҳо шумурда шудааст.
8. Офарида‏ҳои илоҳӣ дар айнӣ устуворӣ ва истеҳком, аз зинати хоссе бархурдоранд. Дар меъморӣ илова бар истеҳкоми сохтимон, зебоии намои бино низ муҳим аст.
9. Офарида‏ҳои илоҳӣ корбурдҳои гуногуне доранд. Чароғ – санг барои шаётин ва ...
10. Дар баробари душман набояд суст ва дифоӣ бархурд кард, балки бояд таҳоҷумӣ бошад.
11. Шаётин ба осмон‏ҳо низ тамаъ доранд.
12. Шаётин зарбапазиранд.
13. Қуръон моро ба тафаккур ва диққат дар офариниш ва расидан ба дарки қудрати Худо даъват мекунад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти