Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 9 сураи муборакаи Ҷумъа мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلاةِ مِن يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْاْ إِلَى‏ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُواْ الْبَيْعَ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ ки барои намози рӯзи ҷумъа нидо дода шуд, пас ба сӯи ёди Худо (намоз) шитоб кунед ва хариду фурӯшро раҳо кунед, ки ин ба суди шумо аст, агар бидонед.
Биёмӯзем
1. Мӯъмин вазифа дорад ва Худо онро баён кардааст.
2. Барои даъвати мардум ба ибодат бояд фазосозӣ кард. Дар аввали сураи Ҷумъа пеш аз дастур ба ширкат дар намози ҷумъа, сухан аз тасбеҳи мавҷудот аст. Барои даъват ба намози Ҷумъа бояд фарёд зад.
3. Барои даъвати мардум ононро бо эҳтиром ва номи нек ёд кунем.
4. Ҳузур дар намози ҷумъа нишонаи имон аст.
5. Намоз моя‏и зикри Худо аст ва шайтонҳои инсониву ҷиннӣ бо баҳонаҳои гуногун дар паи камранг кардани зикри Худо ҳастанд.
6. Фурсатро ғанимат бишуморед.
7. Барои ҳузур дар намози ҷумъа, ки зикри Худо аст, шитоб кунед.
8. Барои ҳузур дар намози ҷумъа бояд мавонеъи мавҷудро бартараф кард. Раҳо кардани касбу кор ва тиҷорат намуна аст, вагарна ҳамаи корҳоро бояд ҳангоми намоз раҳо кард ва дар намози ҷумъа ҳузур ёфт.
9. Худованд, ки фармони тарки тиҷорат медиҳад, онро бо ваъдаҳои ҳақ ҷуброн ме‏кунад ва намози Ҷумъаро беҳтар ва ба суди мӯъминон медонад.
10. Мӯъмин дунболи беҳтаринҳо аст.
11. Нишонаи илми воқеӣ интихоби беҳтарин‏ҳо дар ҳар замон аст.
12. Дар тарбияти динӣ ташвиқ ва фармон ва ҳушдор ва ҳам далел лозим аст.
13. Мӯъмин бояд вазифаи худро бишиносад ва ба он амал кунад.
14. Азон гуфтан ва фарёд кашидан муҳим аст на ин ки кӣ бигӯяд. Нидо додаш шавад.
15. Дар ривоят мехонем: Агар мусулмонон савоби саъй ба сӯи намози Ҷумъа, истодан дар сафи аввали намози ҷамоат ва азон гуфтанро медонистанд барои он байни худ қуръакашӣ мекарданд.
Худоё, ба мо тавфиқи ширкат ва баҳрамандӣ аз намози Ҷумъа насиб бигардон!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти