Please update your Flash Player to view content.
Худованди Мутаол дар ояти 12 сураи Саф мефармояд:
يَغْفِرْلَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَ مَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِى جَنَّاتِ عَدْنٍ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ‏
Худованд гуноҳони шуморо ме‏омурзад ва ба боғ‏ҳое, ки наҳрҳо аз зери онҳо ҷорӣ аст ва хонаҳои дилписанд дар биҳишт‏ҳои ҷовидон медарорад. Ин растгорӣ ва комёбии бузурге аст.
Биёмӯзем
1. Бахшидани гуноҳон ва даровардан ба биҳишт кори Худост.
2. Имон ва ҷиҳод дар роҳи Худо заминаи мағфирати Худованд аст.
3. Биҳишт ҷои покон аст. Аввал мағфират ва шустушӯи маънавӣ баъд даромадан ба биҳишт.
4. Биҳиштро ба баҳо диҳанд на баҳона. Имон ба Худо ва Расули Худо бояд дошт ва ҷиҳод дар роҳи Худо бо мол ва ҷон бояд кард.
5. Амали комил подоши комилро дар пай дорад. Имону ҷиҳод дар роҳи Худо мағфират, шоистагии ҷаннат ва расидан ба комёбии бузургро дар пай дорад.
6. Мӯъминон дар дунё ба хотири амал ба имон ва ҷиҳоди доимӣ дар роҳи Худо бо фидо кардани молу ҷони худ сахтиҳо, ноамниҳо, зиндонҳо ва ташнагӣ ва гуруснагии зиёдеро таҳаммул кардаанд ба неъматҳои ҷовидонӣ ва фаровон мерасанд.
7. Инсон дар миёни азоби алиму дарднок ва комёбии азим қарор дорад, ки бо имону ҷиҳод аз азоб раҳо ме‏шавад ва ба ҷаннату саодат мерасад. Пас роҳи дигар, ки бероҳа ва бадбахтӣ аст наравем.
8. Охирбин бошем на охурбин. Саодати бузург дар интизори мӯъминон ва муҷоҳидон аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти