Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 11 сураи Саф мефармояд:
تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَتُجَاهِدُونَ فِى سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِكُمْ وَ أَنفُسِكُمْ ذَ لِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
Ба Худо ва Расулаш имон оваред ва бо амвол ва ҷон‏ҳоятон дар роҳи Худо ҷиҳод кунед, ки ин ба нафъ ва суди шумо аст, агар бидонед.
Биёмӯзем
1. Тиҷорат танҳо дар умури дунявӣ нест, балки дар маънавият арзишмандтар аст. Имон ба Худо ва Расули Худо.
2. Имон ба Худо ва Расули Худо ва пайрави аз дини ҳақ тиҷорати пурсуд ва наҷотдиҳанда аст.
3. Имон дараҷаҳо дорад ва мӯъмин бояд ҳамеша ба фикри афзоиши имони худ бошад.
4. Дар таблиғи дин аз унвон ва мавзӯъҳое, ки мардум ба он диққат доранд ва барояшон муҳим аст мисли тиҷорати пурсуд бояд истифода кард.
5. Имон танҳо бовари қалбӣ нест, балки талош ва ҷиҳод дар роҳи Худо лозим дорад. Мӯъмин муҷоҳид дар роҳи Худо аст.
6. Имон ба Худо ҳамроҳ бо имон ба Расул аст ва ҷиҳод бо мол ҳамроҳ бо ҷиҳод бо ҷон.
7. Имон ва ҷиҳоди мавсимӣ ва муваққатӣ корсоз нест, балки бояд доимӣ бошад.
8. Имони сатҳӣ сарчашмаи корҳои муҳим наме‏шавад, имони комил лозим аст.
9. Аввал имон баъд амал. Арзиши амал ба имон аст.
10. Ҳифзи дин бартар аз ҳифзи мол ва ҷон аст ва бояд барои ҳифзи дин аз молу ҷон гузашт.
11. Ҷиҳод аз ҳеҷ касе бардошта наме‏шавад ва гоҳе бо молу гоҳе бо ҷон ва гоҳе бо молу ҷон бояд ҷиҳод кард.
12. Дар дастур додан аз кори сабук‏тар шурӯъ кунем то ба корҳои сангин‏тар бирасем. Аввал мол баъд ҷон.
13. Арзиши корҳо махсусан ҷиҳод ба ихлос аст.
14. Чӣ басо талхи‏ҳое, ки ба нафъи мо бошад, вале мо надонем.
15. Инсон фитратан ба дунболи хайр ва саодат аст ва Худованд ваъдаи расидан ба онро додааст.
16. Барои расидан ба саодат ва тиҷорати пурсуду наҷотдиҳанда бояд шароити онро шинохт ва ба он амал кард.
17. Барои фаҳмидани суди ҳақиқӣ бояд ба Худо паноҳ бурд ва аз ӯ кӯмак хост.
18. Худованд ҳуҷҷатро тамом кардааст. Пас ба ҷои танбалӣ ва баҳонагирӣ ба сурати ҷиддӣ биёмӯзем ва ба он амал кунем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти