Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти даҳуми сураи Саф мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَى‏ تِجَارَةٍ تُنجِيكُم مِّنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ‏
Эй касоне, ки имон овардаед, оё шуморо бар тиҷорате, ки аз азоби дарднок наҷотатон диҳад, роҳнамоӣ кунам?
Бидонем
Худованд дар ояти нуҳуми сураи Саф ғалабаи дини Исломро бар дигар динҳо ваъда дод. Амалӣ шудани ин ваъда се шарт лозим дорад:
1) қонуни комил, ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ, ки Қуръони Карим аст. Нуре, ки Худованд онро комил карда ва ҳеҷ кас қудрати хомӯш карданашро надорад.
2) раҳбари поку ҷомеъ, ки ҳазрати имом Маҳдӣ аз насли ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва дувоздаҳумин халифаи барҳақи Расули Худо. Худои ҳаким ҳар вақт салоҳ бидонад ӯро зоҳир ва пирӯз хоҳад кард.
3) омодагии мардум, ки дар ояти 10 баён шудааст.
Ин оёт ҳамвазни ояти 111 сураи Тавба аст, ки мефармояд: Дар ҳақиқат Худованд аз мӯъминон ҷон ва молашонро мехарад то дар иваз ба онҳо ҷаннат ато кунад.
Чанд навъ тиҷорат мумкин аст бошад: тиҷорати
1. бад. (Бақара/90)
2. бесуд. (Бақара/16)
3. камсуд. (Нисо/77)
4. зиёнбор. (Зумар/15)
5. бисёр зиёнбор. (Аср/2)
6. расво ва зиёни ошкор. (Ҳаҷ/11)
7. касод. (Тавба/24)
8. бодавом. (Фотир/29)
9. наҷотбахш. (Саф/10)
10. судовар. (Наҳҷулбалоға, хутбаи 193)
Дар ояти даҳуми сураи Саф Худованд ба Расулаш мефармояд, ки эълом кун: Оё мехоҳед шуморо ба тиҷорати наҷотдиҳанда роҳнамоӣ кунам? Албатта дар оятҳои баъд шароити онро баён кардааст.
Ҳазрати Алӣ(а) ме‏фармояд: Қимат ва арзиши шумо биҳишт аст, пас худатонро арзон нафурушед.(Биҳор, ҷ. 70, саҳ. 132)
Дунё бозор ва тиҷорат‏хонаи авлиёи Худо аст. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 131) Ҷолиб он ки ҳазрати Алӣ(а) ин суханро ба касе фармуд, ки аз дунё бадгӯӣ мекард.
Дар тиҷорат бо Худованд мо сармояро аз худи ӯ мегирем ва бо қимати зиёд ба худаш мефурӯшем.
Биёмӯзем
1. Мардумро бо унвон ва лақаби имонии онҳо хитоб кунем.
2. Худо барои мӯъминон вазифа таъин карда ва барномаи зиндагияшонро танзим кардааст.
3. Имон масъулият меорад.
4. Мӯъминон бояд вазифаи худро бидонанд ва ба он амал кунанд.
5. Бо савол мардумро омодаи диққат кардан ва ҷиддӣ гирифтани масъала кунед.
6. Тиҷорат ниёз ба роҳнамо дорад.
7. Тиҷорати маънавӣ барои ҳама қобили дарк нест, фақат мӯъминон ин маъноро дарк мекунанд.
8. Инсон бар асоси фитрат ва табиат ба дунболи суд аст, он ҳам суде собит ва пойдор ва фаровон.
9. Суди воқеӣ наҷот аз қаҳри Худо аст.
10. Дафъи хатар муҳимм‏тар аз ҷалби манфиат аст.
11. Тиҷорати пурсуд ва наҷотдиҳандаи ҳақиқӣ ва ҷовидониро аз Худо ёд бигирем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти