Худои Мутаол дар ояти ҳафтуми сураи Саф мефармояд:
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى‏ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ وَهُوَ يُدْعَى‏ إِلَى الْإِسْلاَمِ وَ اللَّهُ لَا يَهْدِى الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ‏
Ва кист ситамкортар аз он ки бар Худо дурӯғ баст (ва Қуръонро сеҳр хонд), дар ҳоле ки ба Ислом даъват мешавад ва Худованд қавми ситамкорро ҳидоят наме‏кунад.
Бидонем
Дар Қуръони Карим шонздаҳ бор калимаи «азлам-золимтар» ба кор рафта, ки понздаҳ бори он марбут ба масоили эътиқодӣ ва фарҳангӣ аст монанди:
«дурӯғ бастан бар Аллоҳ» 9 бор
«пӯшондани шаҳодат ва гувоҳӣ» 1 бор
«дурӯғ шуморидани оятҳои Аллоҳ» 2 бор
«манъи масоҷиди Аллоҳ» 1 бор
«рӯйгардонӣ аз оятҳои Аллоҳ» 2 бор
Зулм се навъ аст: зулм ба худ, зулм ба мардум ва зулм ба дин ва аз ин миён зулм ба дин муҳимм‏тарин ва бузург‏тарин зулм аст.(Тафсири Атябулбаён)
Биёмӯзем
1. Касе, ки башорати ҳазрати Исо‏ (а) ва мӯъҷизоти Паёмбари Ислом(с)-ро наме‏пазирад ва ҳамаро яксара сеҳр ме‏донад, бузург‏тарин гуноҳи нисбати нораво карда ва золим‏тарин фард аст.
2. Нисбати нораво ба анбиёи илоҳӣ нисбати нораво бар Худост. Онон ба Паёмбари Ислом (с) гуфтанд, ки «сеҳри ошкор» ва Худованд амали ононро ифтиро бар Худо баён ме‏кунад.
3. Дурӯғ бастан ва нисбати нораво бар Худо ва дини Худо бадтарин навъи ифтирост.
4. Яке аз бузург‏тарин зулмҳо монеи рушду маърифат ва ҳақгароӣ ва ибодати мардум шудан аст.
5. Бадтарин навъи зулм он аст, ки бар золим ҳуҷҷат тамом шуда бошад ва бо ин ҳол ӯ зулм кунад.
6. Натиҷаи дурӯғ бастан ва нисбати нораво бар Худованд инсонро аз ҳидояти Худо маҳрум мекунад.
7. Ҳидоят ва гумроҳӣ ба дасти Худованд аст, лекин инсон заминаҳои онро бо ихтиёр ва иродаи худ фароҳам ё нобуд ме‏кунад.
8. Меъёрҳоро бишиносем ва худ ва дигаронро бо он арзёбӣ кунем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст