Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти чоруми сураи Саф мефармояд:
إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَ فِى سَبِيلِهِ صَفّاً كَأَنَّهُم بُنْيَانٌ مَّرْصُوصٌ‏
Дар ҳақиқат Худованд касонеро дӯст дорад, ки сафбаста дар роҳи ӯ пайкор кунанд, чунон ки гӯӣ бинои бисёр мустаҳками сурбӣ ҳастанд.
Бидонем
«Бунён» ба маънои сохтмон аст. «Марсус» аз «расос» ба маънои сурб аст ва «бунёни марсус» яъне сохтмоне, ки аз истеҳкоми зиёд, гӯӣ аз сурб сохта шудааст.
Шояд ояти пешин интиқод аз касоне бошад, ки шиори ҷиҳод ва пайкор доданд, вале ба он шиорҳо амал накарданд, аз ин рӯ Худованд фармуд: Касоне, ки амал накарданд мавриди ғазаб ҳастанд «кабура мақтан», аммо дар ин оят аз касоне, ки ба шиор ва ваъдаи худ амал карданд, тамҷид ва таъриф карда ва маҳбуби Худо донистааст.
Биёмӯзем
1. Масъала ҷиддӣ аст шумо ҳам онро ҷиддӣ бигиред.
2. Дар тарбият қаҳр ва меҳр ҳар ду лозим аст. Дар ояти гузашта сухан аз қаҳри илоҳӣ буд ва дар ин ҷо сухан аз меҳри илоҳӣ аст.
3. Барои боздоштан аз кори нописанд ҳушдор лозим аст, вале водор кардан ба кори нек ташвиқ лозим дорад.
4. Ҷанг бояд дар роҳи таъинкардаи Худо ва барои ба даст овардани ризоят ва муҳаббати Худо бошад.
5. Ҷалби ризоят ва муҳаббати Худованд болотарин ташвиқ барои мӯъминон аст.
6. Корҳои сахт ангезаи қавӣ лозим дорад ва болотарин ангезаҳо маҳбуби Худо шудан аст.
7. Мӯъминони муҷоҳид дӯстдорони Худованд ҳастанд ва дар роҳи ӯ ҷиҳод ме‏кунанд ё душманони Худоро мекушанд ва дини Худоро ёрӣ мекунанд ё ҷони худро содиқона дар роҳи ризои ӯ медиҳанд то дини ӯ боқӣ ва ҳоким бимонад ва Худованд ҳам онҳоро дӯст дорад.
8. Дар шароити оддӣ ваҳдату иттиҳод ва дӯрӣ аз тафриқа лозим аст, вале дар баробари душман саффи мӯъминон бояд муттаҳидтар ва нуфузнопазир ва мустаҳкам‏тар бошад.
9. Маҳбуби Худо шудан шарт (ҷиҳод дар роҳи ӯ) дорад.
10. Меъёрҳоро бишиносем ва худро ба онҳо наздик кунем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти